Лиз Трасс дар мақоми Сарвазири Британияи Кабир ба кор оғоз намуд

Сентябрь 7, 2022 10:51

ДУШАНБЕ, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари ҳизби консервативӣ Лиз Трасс дар мақоми сарвазири Британияи Кабир ба кор шурӯъ намуд, хабар медиҳад Sky News. Қасри Букингем акси сиёсатмадори 47-соларо зимни маросими қабул бо малика Елизавета II нашр кард, ки рӯзи сешанбе дар қалъаи Балморал дар Шотландия баргузор гардидааст.

Лиз Трасс Сарвазири Британияи Кабир замоне таъйин шуд, ки малика расман аз ӯ дархост кард, то ҳукумати нав таъсис диҳад,-иттилоъ медиҳад агентӣ.

Елизаветаи II қаблан истеъфои сарвазири собиқ Борис Ҷонсонро пазируфт, ки барои қабули расмӣ ба назди ӯ омада буд. Ҷонсон субҳи барвақт дар Даунинг Стрит бо сухани хайрбодӣ баромад намуд.

5 сентябр Трасс Сарвазири нави Британия интихоб шуд. Аксарияти аъзои Ҳизби консервативӣ ба ҷонибдории номзадии ӯ овоз доданд. Трасс баъд аз Маргарет Тэтчер ва Тереза ​​Мэй сеюмин сарвазири зан дар ин кишвар хоҳад шуд. Дар суханронии худ пас аз интихоб шуданаш сиёсатмадор ба собиқ раиси Девони вазирон барои татбиқи Brexit, пирӯзӣ бар Ҳизби лейбористӣ ва роҳбари собиқи он Ҷереми Корбин, мубориза бо коронавирус ва ҳамчунин барои вокуниш ба сиёсати хориҷии Русия изҳори миннатдорӣ намуд.

Қаблан Трасс ҳамчунин ваъда дода буд, ки дар сурати интихоб шуданаш дар ҳафтаи аввали сарвазирӣ амалҳо вобаста ба нархи неруи барқро пешниҳод мекунад. Вай зарурати «қабули қарорҳои қатъӣ»-ро таъкид намуд.

ДАР АКС: Лиз Трасс дар қабули малика Елизавета II. Акс: Jane Barlow/AP

Сентябрь 7, 2022 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид