Лиз Трасс Сарвазири нави Британияи Кабир гардид

Сентябрь 5, 2022 16:56

ДУШАНБЕ, 05.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Лиз Трасс дар мубориза барои мақоми роҳбари Ҳизби ҳокими консервативӣ пирӯз гардид. Дар ин бора имрӯз баъди натиҷагирии раъйдиҳии дохилиҳизбӣ хабар дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Ба тарафдории номзадии Трасси 47-сола 81 326 нафар аъзои одии Ҳизби консервативӣ овоз доданд. Рақиби вай, вазири собиқи молия Риши Сунаки 42-сола 60 399 овоз гирифт. Ҳамин тариқ, Трасс ҳамчун роҳбари ҳизби ҳоким 6 сентябр Борис Ҷонсонро дар вазифаи Сарвазир иваз ва ҳукумати навро таъйин мекунад.

Лиз Трасс Сарвазири 56-уми Британияи Кабир (ё 78-ум бо дарназардошти онҳое, ки ин мақомро беш аз як бор ишғол кардаанд) ва 15-умин дар замони ҳукмронии малика Елизавета II хоҳад шуд. Вай инчунин баъд аз Маргарет Тэтчер (аз соли 1979 то 1990 роҳбарии кабинаро бар уҳда дошт) ва Тереза ​​Мэй (аз соли 2016 то 2019) зани сеюме хоҳад шуд, ки роҳбарии кабинаи вазиронро бар уҳда дорад.

ДАР АКС: Сарвазири Британияи Кабир Лиз Трасс. Акс: ts-dating.com

Сентябрь 5, 2022 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид