Малика Елизаветаи II даргузашт

Сентябрь 9, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 09.09.2022 /АМИТ «Ховар» /. Маликаи Британияи Кабир Елизавета II дар синни 97 аз олам даргузашт. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар Қасри Букингем хабар доданд. «Малика нисфирӯзии имрӯз дар қалъаи Балморал даргузашт», — гуфта мешавад дар изҳорот.

Малика Елизаветаи II дар маҷмааи ёдгорӣ — калисои падараш шоҳ Георги VI ба хок супурда мешавад. Маҷмаа дар майдони қалъаи Виндзор ҷойгир аст.

Дар Қасри Букингем рӯзи панҷшанбе, 8 сентябр изҳор доштанд, ки табибон аз вазъи саломатии Елизаветаи II нигарон ҳастанд ва тавсия доданд, ки ӯ таҳти назорати тиббӣ бошад. Баъдан ҳамаи фарзандонаш ба назди малика омаданд.

Елизаветаи II — духтари калонии шоҳ Георги VI ва хонум Елизавета Боуз-Лайон — 21 апрели соли 1926 дар Лондон ба дунё омадааст. Соли 1936 баъди ба тахт нишастани падараш Елизавета вориси тоҷи Британия шуд.

Соли 1952 баъд аз марги падараш Елизаветаи II маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, ҳокими 15 подшоҳии Иттиҳод ва роҳбари худи Иттиҳод, сардори калисои Англикан ва сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳ гардид. Тибқи тартиби вориси тахти Британия, роҳбари навбатии Британияи Кабир писари ӯ Чарлз, шоҳзодаи Уэлс хоҳад буд. Ӯ имсол 74-сола мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 9, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Туркия даври дуюми интихоботи президентӣ баргузор мешавад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
Намояндагони СҲШ ҳамкорӣ дар соҳаи рушди рақамиро баррасӣ карданд
Туркия дар остонаи даври дуюми интихобот қарор дорад
Соли 2023 шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон аз 10 миллиард зиёд хоҳад шуд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Аджай Банга президенти Бонки ҷаҳонӣ интихоб гардид
Дар Узбекистон раъйдиҳии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия баргузор шуд
Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҳукуматдорони афғонро барои манъи кори занон дар ин ниҳод маҳкум кард
Шумораи фавт аз COVID-19 95 фоиз коҳиш ёфтааст
Ҷо Байден расман эълон дошт, ки номзадии худро ба интихоботи президентии соли 2024 пешниҳод менамояд
СММ аз сатҳи рекордии газҳои гулхонаӣ, гармшавӣ ва обшавии пиряхҳо хабар дод