Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Сентябрь 16, 2022 16:24

ДУШАНБЕ, 16.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябри соли 2022 соати 14:00 ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар хати Cарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар ННГС Равоти шаҳри Конибодом вохӯрии ҳайатҳои ду ҷониб таҳти роҳбарии Раиси КДАМ ҶТ Ятимов Саймумин Сатторович ва Раиси КДАМ ҶҚ Ташиев Қамчибек Кидиршаевич баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони ҳайатҳо ба мувофиқа омаданд, ки шурӯъ аз соати 14:30 ҳамин рӯз оташбас эълон карда мешавад. Бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва таъмини риояи талаботи санади оташбас аз ҳисоби ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои қудратии ду кишвар гурӯҳи кории муштарак ташкил карда шуд. Айни ҳол, вазъият дар хати сарҳад нисбатан ором мебошад.

Аз ҷониби ҚС КДАМ ҶТ вазъият дар хати сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон пурра таҳти назорат гирифта шудааст.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 16, 2022 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад