Масъалаҳои дарёфти самтҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва муовини Вазири молияи Давлати Кувайт Асил Сулайман Ас-Саад Ал-Мунифӣ баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои дарёфти самтҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур иттилоъ доданд, дар мулоқот имконияти сармоягузории ҷумҳурӣ ва дастгирии сармоягузорӣ дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва тақвияти ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид. Ҳамзамон доир ба соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории мамлакат ва имтиёзҳо барои сармоягузорон иттилоъ дода шуд.
Мувофиқа ҳосил шуд, ки ҷиҳати баргузори Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Кувайт кор бурда шавад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро доир ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ изҳор намуданд.
Дар маҷмӯъ, мулоқоти мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, миёни ҷонибҳо масъалаҳои дарёфти самтҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






