МО БАРОИ ВАСЛ КАРДАН ОМАДЕМ! Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи Мавлоно таҷлил мегардад

Сентябрь 28, 2022 11:47

 ДУШАНБЕ, 28.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 29 сентябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ба истиқболи Рӯзи Мавлоно барномаи  фарҳангӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин рӯз дар саҳни Филармония аз соати 13.00 то 17:00 намоиш-фурӯши «Маснавии маънавӣ» ва китобҳои тозанашри нашриёти «Адиб» баргузор гардида,  соати 12:00 дар толори конфронсии Филармония рӯнамоии китоби тозанашри шоир ва муҳаққиқ Беҳрӯзи Забеҳулло таҳти унвони «Офтобе дар миёни сояе», ки тадқиқоти мавзӯии осори Мавлоноро дар бар мегирад, доир мегардад.

Инчунин соати 17.00 дар толори Филармония маҳфили шеъру суруд бо иштироки аҳли адаб, ҳунармандони театр ва овозхонони тоҷик шурӯъ мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола 30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ ҷашн гирифта мешавад.

Мавлонои Балхӣ дар ҷаҳони Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гашта, шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам пиру ҷавон, марду зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинӣ бо завқу шавқи беандоза қироат мекунанд. Ҳамчунин кишварҳои ҷаҳон, ба мисли Туркия, Эрон, Афғонистон, Фаронса, Италия ва ғайра ҳамасола барномаҳое барои гиромидошт ва бузургдошти ин орифи бузург баргузор менамоянд, ки гувоҳи эътирофи Мавлонои Балхӣ ба ҳайси мутафаккир ва шоири барҷаста дар миқёси ҷаҳон аст.

Дар Тоҷикистон Мавлоно ва осори оламшумули ӯро бахше аз мероси фарҳангӣ ва миллии худ мешуморанд. Дар арафаи гиромидошти 800-солагии Мавлоно, ки соли 2007 дар Тоҷикистон бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил гардид, яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон — собиқ Колхозобод, ки дар водии Вахш доман густурдааст, ба номи Ҷалолуддини Балхӣ иваз гардид. Дар маркази ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ муҷассамаи шоир ва мутафаккири бузург гузошта шуд.

Инчунин соли 2007 дар Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва донишмандони шинохтаю мавлоношиносон ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) тахминан соли 1207 дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номаш Аҳмад Ҷалолуддин буда, тахаллусаш ба Мавлавӣ машҳур аст. Шоир соли 1273 дар Рум вафот кардааст. Алҳол оромгоҳаш дар шаҳри Қунияи Туркия қарор дошта, зиёратгоҳи ҳазорон дӯстдорони каломи бадеъ аст.

Ҷалолуддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст, ки бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Асарҳои офаридаи ӯ «Девони Шамс», «Маҷолиси саъба», «Мактубот», «Фиҳи мо фиҳи», «Маснавии Маънавӣ» мебошанд, ки хонандагонро ба дунёи маърифату заковат ворид мекунанд. «Маснавии Маънавӣ»-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон тӯли солҳои 1925-1937 аз форсӣ ба англисӣ баргардонидааст, ки аз 25 ҳазору 632 байт иборат аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 28, 2022 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд