«МО БОЯД ЭҲТИЁТ ШАВЕМ». Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов гуфт, ки ташкили муносибатҳо танҳо дар заминаи ҳуқуқӣ сабаби сулҳ, ваҳдат ва ҳамсоягии нек мегардад
ДУШАНБЕ, 26.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, 25 сентябр кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон Протокол оид ба хатми низои сарҳадиро ба имзо расониданд. Протоколи хатми низоъ дар марзи ду кишварро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев имзо карданд.
Раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар шарҳи натиҷаҳои музокирот бо ҷониби Қирғизистон барои намояндагони расонаҳои хабарӣ изҳор дошт, ки 25 сентябр протоколе ба имзо расид, ки онро метавон протоколи демилитаризатсия (беяроқгардонӣ) номид. Ба гуфтаи ӯ, тадбирҳои қатъӣ андешида шуданд, ки онҳо дар протокол инъикос ёфтаанд ва бояд риоя шаванд.
«Мо дар ин ҷо ҳамзамон музокирот анҷом додем ва ба мувофиқа расидем, ки ба ҳеҷ ваҷҳ набояд дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон низоъ рух диҳад», — шарҳ дод ӯ.
Дар ин робита Саймумин Ятимов аз сиёсатмадорони алоҳида, намояндагони ВАО ва блогнависон даъват намуд, ки дар истифодаи вожаву таъриф ва истилоҳот эҳтиёткор бошанд. “Мо бояд дар истифодаи калимаҳо, таърифҳо ва истилоҳот хеле эҳтиёткор бошем. Суханони ман, пеш аз ҳама, ба ВАО, блогнависони инфиродӣ, сиёсатмадорони алоҳида дахл доранд. Ҳар як сухан метавонад ба кор зарар расонад”, — гуфт Раиси КДАМ Тоҷикистон.
Вай дар баробари ин суханони Арастуро иқтибос овард: «Одами бесавод аз сиёсат берун аст, ба ӯ бояд аввал алифбо омӯхт. Бидуни ин сиёсат вуҷуд дошта наметавонад, бе ин танҳо овозаҳо, ғайбатҳо, афсонаҳо, таассубу хурофот вуҷуд доранд, аммо на сиёсат».
Саймумин Ятимов гуфт, ки агар мо асноду ҳуҷҷатҳои имзошударо қатъиян риоя кунем, дар сарзамини тоҷикону қирғизон сулҳ ҳукмрон мешавад. «Аз ҳама хоҳиш менамоям, ки бо Протоколи мазкур шинос шаванд, ин гуна ҳуҷҷатҳо махфӣ нестанд, танҳо ҳангоми шарҳу тавзеҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бояд қатъиян риоя намуд», — таъкид дошт Раиси КДАМ Тоҷикистон.
Вай ҳамчунин зикр намуд, ки «ҳангоми таҳияи санади дахлдор мо бо рӯҳияи ҳуқуқи римӣ кор мекунем, маҳз он муносибатҳои ҷамъиятӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи байналмилалиро танзим мекунад. Дар он ҷо як шарт ва назарияи хеле аҷоиб мавҷуд аст — ирода, агар он давлатӣ бошад, бояд дар шакли қонун, санад, созишнома, шартнома ифода ёбад ва бо дастгоҳе таъмин карда шавад, ки қодир аст онро амалӣ намояд, вагарна ҳамаи ин — сухани беҳуда ва беасос хоҳад буд».
«Мо итминон дорем, ки татбиқи санадҳо ва ташкили муносибатҳоямон танҳо дар заминаи ҳуқуқӣ сабаби сулҳ, ваҳдат ва ҳамсоягии нек мегардад»,-афзуд дар охир Раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов.
АКС: скриншоти видео








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






