Муҳаммад Яъқубов дар мусобиқаи «RCC Boxing Promotion» бар Карлос Даниел Кордоба ғолиб омад

Сентябрь 13, 2022 08:24

ДУШАНБЕ, 13.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муштзани тоҷик Муҳаммад Яъқубов дар мусобиқаи «RCC Boxing Promotion», ки дар шаҳри Челябински Русия доир гардид, ширкат варзида, бар ҳарифи пурқуввати худ ғолиб омад. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Муҳаммад дар ин мусобиқа бо намояндаи Аргентина Карлос Даниел Кордоба сабқат кард. Дар ин рақобати ҷолиб зарбаҳои Муҳаммад Яъқубов аз рақиб дида, нишонрастар буданд. Ҳамин тавр бо қарори якдилонаи доварон ғалаба насиби муштзани тоҷик гардид.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммад Яъқубов дар ҳисобаш 19 ғалаба ва 1 бохт дорад. Кароос Даниел Кордоба дар 15 рақобати анҷомдода 7 маротиба мағлуб шудааст.

АКС аз ТВ «Варзиш»

Сентябрь 13, 2022 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд