МУБОРАК БОД! Паҳлавонони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тошканд ду медали тилло ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 15.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ ва тарзи озод миёни наврасони соли таваллудашон 2008-2009 дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар рақобатҳои гӯштини юнонӣ-румӣ паҳлавонони навраси тоҷик сазовори ду медали тилло шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Варзишгарони навраси тоҷик Алишер Рузимадов ва Шерзод Шуҳратзода мақоми аввалро соҳиб гардида, ба ифтихори онҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шуда, Суруди миллӣ садо дод.
Алишер Рузимадов дастпарвари Мактаби махсуси кӯдакон ва наврасони захираҳои олимпӣ оид ба намудҳои гӯштин буда, дар рақобатҳои вазни 68 кг баромад намуд ва бар ҳамаи ҳарифонаш дастболо шуд.
Шерзод Шуҳратзода дар вазни 85 кг медали дуюми тиллои дастаи мунтахаби наврасони тоҷикро ба даст овард.
АКС аз ТВ «Варзиш»








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






