Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз номи Пешвои миллат собиқадорони меҳнати шаҳри Бӯстонро табрик намуд
ДУШАНБЕ, 08.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони меҳнатро аёдат намуданд. Дар ин бора дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.
Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон ба манзили собиқадори хизмати давлатӣ, собиқ Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мария Сербулина омада, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба онҳо табрик гуфтанд.
Зимни аёдат таъкид карда шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мо неъмати бебаҳо буда, маҳз ҷаҳду талошҳои бузургу нотакрори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту ободӣ ва муаррифии Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ буданд, ки имрӯз Ватани маҳбуби моро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, соҳибфарҳангу соҳибтамаддун, рушдёбанда ва аз ҷиҳати амн бехатар мешиносанду арҷ мегузоранд.
Собиқадорони меҳнат низ истиқлолияту озодиро неъмати бузург арзёбӣ карда, аз саҳми Сарвари давлат дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон









Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд






