Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз номи Пешвои миллат собиқадорони меҳнати шаҳри Бӯстонро табрик намуд

Сентябрь 8, 2022 14:31

ДУШАНБЕ, 08.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Сарвазири  Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони меҳнатро аёдат намуданд. Дар ин бора дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.

Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон ба манзили собиқадори хизмати давлатӣ, собиқ Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мария Сербулина омада, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба онҳо табрик гуфтанд.

Зимни аёдат таъкид карда шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мо неъмати бебаҳо буда, маҳз ҷаҳду талошҳои бузургу нотакрори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту ободӣ ва муаррифии Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ буданд, ки имрӯз Ватани маҳбуби моро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, соҳибфарҳангу соҳибтамаддун, рушдёбанда ва аз ҷиҳати амн бехатар мешиносанду арҷ мегузоранд.

Собиқадорони меҳнат низ истиқлолияту озодиро неъмати бузург арзёбӣ карда, аз саҳми Сарвари давлат дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Сентябрь 8, 2022 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд