Неругоҳҳои «Норак» ва «Бойғозӣ» барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 омода мешаванд

Сентябрь 5, 2022 08:54

НОРАК, 05.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар гидроагрегати чаҳоруми Неругоҳи барқи обии «Норак» корҳои навсозӣ идома дошта, мувофиқи нақшаи Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО-и «Норак» давра ба давра гидроагрегатҳои ин неругоҳи таърихӣ пурра навсозӣ мегарданд.

Тавре сармуҳандиси НБО-и «Норак» Маҳмадамин Маҳмадсаидзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод, «дар айни замон мутахассисони НБО-и «Норак» барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ва дар фасли зимистон таъмин намудани хоҷагии халқи мамлакат бо барқи хушсифат корҳои омодагӣ ва таъмири ҷории таҷҳизотро гузаронида истодаанд. То имрӯз мутахассисони ин корхонаи бузург аз рӯи нақшаи корҳо барои омода намудани неругоҳ ба кори муътадил ва устувор дар мавсими тирамоҳу зимистони имсола корҳои муҳим, аз ҷумла захира намудани равғанҳои ТП–30 ва Т–1500, таъмири дегхонаи системаи гармидиҳӣ ва таъмини оби гарм, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани дизел-генераторҳо, баровардани селовардҳо аз барражҳои №1-2-и сойи сафедобро иҷро карда, паси девори муҳофизатии бинои зилзиласанҷиро аз сангрезаҳо тоза намуданд».

Кормандони Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» низ барои истеҳсоли барқи хушсифат дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Мутахассиси неругоҳи «Бойғозӣ» Фахриддин Ятимов гуфт, ки “барои бо оби гарм ва низоми гармидиҳӣ таъмин намудани бинои маъмурии неругоҳ дар дегҳои барқии обии 1,2,3 таъмир гузаронида шуда, қисмҳои корношоями онҳо аз нав барқарор карда шуд. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ҳар ҳафта дизелгенератор ва бензогенераторҳои корхона аз санҷиш гузаронида шуда, дар ҳолати дурусти техникӣ қарор дошта, барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистон омода мебошанд.

Ҳамчунин барои таъмини бехатарии кормандон дар роҳи нақлиётгарди Чашма-Бойғозӣ ва Бойғозӣ-Оби туғ 30 метри кубӣ маводи зиддилағжиш, 100 кг намак, 5 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 2 тонна сӯзишвории бензин захира карда шудааст. Ҳамзамон техникаҳои неругоҳ дар ҳолати корӣ қарор доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 5, 2022 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд