«ҶОН БА РАҲИ ВАТАН НИСОР, МАН НАКУНАМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Вазорати мудофиа ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат-Раиси комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ Матлубахон Сатториён, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа ва Ситоди генералӣ, сарпрокурори ҳарбӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулини мақомоти давлатии даъват ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд, ҷаласа вобаста ба татбиқи амалии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» доир гашт.
Зимни баргузории ҷамъомади мазкур иштирокчиёни он вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мудофиаи давлат ва чорабиниҳо оид ба ташкил ва иҷрои босифати даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ якчанд масъалаҳоро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Ҳамзамон дар ҷаласа даъвати баҳории соли равон мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор гирифта, вобаста ба монеаву мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе мақомоти масъули даъвати шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карда шуд. Аз ин рӯ, бо мақсади роҳ надодан ба камбудиҳо ва ҷиҳати сифатан хуб ба роҳ мондани даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ таъкид карда шуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои пешаздаъватӣ оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон ва ташкили босамари кори комиссияҳои даъватӣ дар сатҳи баланд ва мувофиқ ба меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи соҳа роҳандозӣ карда шаванд, то беҳтаринҳо ва пеш аз ҳама, нафарони рӯҳану ҷисман солим ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.
Хамин тавр, дар қисмати охири ҷамъомад иштирокчёни он ҷиҳати дар сатҳи баланд ва муташаккилона гузаронидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ-ҷамъиятӣ бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд.
Дар ин замина чанде пеш дар Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони масъули сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти вобастаи маъракаи давлатии даъват, комиссарони ҳарбӣ ва дигар масъулони ҷузъу томи низомӣ доир ба иҷрои талаботи қонуну санадҳои амалкунанда дар самти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовара баргузор гардид.
Дар ҷаласа зикр карда шуд, ки комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар мақомоти масъули даъватро зарур аст, ки ҳамкориро дар сатҳи мувофиқ ба талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи низомӣ ба роҳ монда, бо дарки баланди масъулият ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва дорои аҳамияти мудофиавиро дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд иҷро намоянд.
Зимнан, прокуророни ҳарбии гарнизонҳои ҷумҳурӣ таъкид карда шуданд, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»- ро дар кори комиссияҳои даъват ва комиссариатҳои ҳарбӣ боз ҳам пурзӯр намуда, баҳри пешгирию бартараф кардан ва минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо қарорҳои дахлдор қабул намоянд.
Дар охири ҷаласа ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти вобастаи даъват ва дигар масъулин бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






