Қосим-Жомарт Токаев пешниҳод намуд, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Қазоқистон тирамоҳ баргузор шавад

Сентябрь 2, 2022 13:22

ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев пешниҳод кард, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ тирамоҳи соли 2022 баргузор карда шавад. Ин пешниҳод зимни суханронии ӯ дар ҷаласаи муштараки палатаҳои парлумон садо дод, хабар медиҳад Агентии байналмилалии иттилоотии (АБИ) «Kazinform».

«Пешниҳод менамоям, ки тирамоҳи соли равон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор карда шавад. Барои татбиқи муваффақонаи ислоҳоти куллӣ ва фарогир дар роҳи бунёди Қазоқистони одилона ваколати нави эътимоди мардум зарур аст», — гуфт Қосим-Жомарт Токаев.

Президенти Қазоқистон пешниҳод намуд, ки ваколати президентӣ бо як давраи 7-сола маҳдуд карда шавад.

Илова бар ин, ӯ пешниҳод намуд, ки интихобот дар Маҷлис (палатаи поёнии парлумон) ва маслиҳатҳои ҳама сатҳҳо (мақомоти намояндагии маҳаллӣ) нимаи аввали соли 2023 баргузор гардад. Ба гуфтаи ӯ, ин имкон медиҳад, ки ҳайати парлумон нав карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки дирӯз Қосим-Жомарт Токаев дар ҷаласаи якҷояи палатаҳои парлумони Қазоқистон ба мардуми кишвараш паём ироа намуд. Қисми асосии паём ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар бахшида шуда буд.

АКС: АБИ «Kazinform»

Сентябрь 2, 2022 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид