Осорхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд
ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда миёни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Арабистони Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расад. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории фарҳангӣ 5 сентябр дар Душанбе зимни мулоқоти Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар—Рушайдон баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ иттилоъ медиҳад, ки Зафаршо Иброҳимзода ташрифи меҳмони олиқадрро ба Осорхонаи миллӣ дар арафаи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
Дар мулоқот мусоҳибон масъалаҳои марбут ба табодули таҷрибаи осорхонавӣ, тармиму таҳкими ашёи нодири осорхонавӣ, таҳия ва чоп намудани феҳристи ёдгориҳои нодири осорхона бо забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ, ташкил ва баргузории намоишҳои муваққатӣ дар Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, омода намудани мутахассисон дар соҳаи тармиму консерватсия ва дигар самтҳои муҳими фаъолияти осорхонавиро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон тавассути толорҳои экспозитсионии осорхона бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуд.
Баъди тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дипломати саудӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро дарҷ намуд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






