ПАС, ТАҶОВУЗКОР КИСТ? Сироҷиддин Муҳриддин аз минбари СММ натиҷаҳои ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистонро ба самъи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонид

Сентябрь 25, 2022 09:40

ДУШАНБЕ, 25.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дирӯз, 24 сентябр зимни суханронӣ дар мубоҳисаи умумии иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк бо изҳори таассуф гуфт, ки масъалаҳои ҳаллуфасли хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аз таърих мерос мондааст, беасос ба Маҷмаи Умумии СММ кашида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Қобили зикр аст, ки 20 сентябр роҳбарияти Қирғизистон ҳангоми суханронӣ аз ин минбари баланд низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ба таври худ ироа кард.

Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки ҳанӯз 19 сентябри соли 2022 намояндагони ваколатдори ду тараф Протоколро оид ба ҳалли вазъ дар сарҳад имзо намуда буданд. Ҳамаи амалҳои ҷангӣ хотима ёфта буданд.

Дар асоси ин Протокол, қӯшунҳо ва техникаи ҳарбӣ бояд аз ҳар ду тараф ба маконҳои доимии нигоҳдории худ кӯчонида шаванд. Азназаргузаронии муштараки минтақаи сарҳадӣ ташкил карда шудааст. Ба мақсади роҳандозии назорати рафти татбиқи созишҳои бадастомада комиссияи муштарак таъсис дода шудааст. Аз ҳама муҳим – ҳар ду тараф азми худро барои ҳалли ҳама масъалаҳои дуҷониба танҳо ва танҳо бо истифода аз усулҳои дипломатӣ-сиёсӣ тасдиқ намуданд. Тоҷикистон пойбанд буд ва дар сурати ба вуҷуд омадани дилхоҳ масъалаҳо, аз ҷумла ҳаллуфасли масоили сарҳадӣ, ба ин усул ҳамеша пойбанд хоҳад монд.

«Боиси таассуфи амиқ аст, ки Қирғизистон бо нишон додани диди дурӯғини дур бурдани қӯшунҳо ва техникаи вазнини ҳарбӣ аз хатти сарҳад ва пинҳон намудани онҳо дар макони наздисарҳадии сукунати одамон аз созишҳои ҳосилшуда канор меравад. Аз ин лиҳоз, масъулияти сар задани дилхоҳ таниши навбатӣ дар хатти сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон пурра бар зиммаи Қирғизистон хоҳад буд», — гуфт Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Тавре Сироҷиддин Муҳриддин зикр кард, роҳбарияти кишвари ҳамсоя дар суханрониаш дар бораи фавти шаҳрвандони худ ва хисороти моддӣ хабар дода, чунин вонамуд кард, ки ин мусибат дар сарҳад танҳо онҳоро дарёфт. Далелҳо дар бораи дигар чиз мегуянд. Дар натиҷаи пархошкории ҳарбӣ аз тарафи Қирғизистон зиёда аз 40 нафар кушта ва наздики дусад шаҳрванди мулкии Тоҷикистон захмӣ шуданд. Занҳои ҳомила, кӯдакону калонсолон, духтурон, инчунин мусулмонҳои ботақво – ширкаткунандагони маросими ҷаноза дар масҷид аз зумраи онҳо буданд.

Ба ҷуз объектҳои наздисарҳадӣ, инчунин мактабҳо, шифохонаҳо, муассисаҳои ҷамъиятии фарҳангӣ, хонаҳои истиқоматӣ, инфрасохтор ва васоили иртиботот хароб шуданд. Пас, таҷовузкор кист?

Айни ҳол Тоҷикистон барои бозсозии хонаҳои вайроншуда ва инфрасохтори ҳаётан муҳим маблағи зиёдеро равона карда истодааст.

Мусибати рухдода дар навоҳии сарҳадӣ тасодуфӣ нест. Ҳанӯз аз тирамоҳи соли гузашта ҳамсояҳои мо ба ҳамлаи таҷовузкорона омодагӣ медиданд, ки дар бунёди инфрасохтори ҳарбӣ дар наздикии марзҳои мо мушоҳида мешуд.

Ҳамсояҳои мо солҳои ахир, аз ҷумла аз ин минбари баланд, аз аҳаммияти шоҳроҳи нақлиётии байналмилалӣ ва эҷоди шароити мусоид барои ҳамлу нақл мегӯянд ва ҳамзамон хостори «рафъи саддҳо дар роҳи ҳамкории иқтисодӣ, содакунии тартиботи гузариши сарҳадҳо ва убур байни кишварҳо ва минтақаҳо» мебошанд. Ҳамзамон Қирғизистон аксар вақт барои интиқоли борҳо ба/аз Тоҷикистон тавассути нигоҳдории васоити нақлиёт бо тоннаҳо борҳои мо мушкилиҳо эҷод менамояд.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 25, 2022 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»