Пешвои миллат: «Хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ гузошта шуда буд»
ДУШАНБЕ, 27.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Заминаи асосӣ ва хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллии мо ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI-уми Шурои Олии кишвар гузошта шуда буд. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъкид намуданд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар ҷараёни иҷлосия аз ҷониби роҳбарияти навинтихобшудаи давлат ба хотири қатъи ҷангу хунрезӣ аввалин иқдомоти муҳим, аз ҷумла ба ҳам овардани роҳбарони гурӯҳҳои ба якдигар мухолиф амалӣ гардиданд ва нахустин қадамҳо ба сӯи сулҳу оромӣ гузошта шуданд.
«Аз кишварҳои хориҷии дуру наздик ба Ватан ва ҷойи зисташон баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ва ташкили шароити зарурии зиндагӣ барои онҳо иқдомоти минбаъдаи мо дар он рӯзҳо буданд, — ёдовар шуданд Пешвои миллат. — Барқарор намудани фаъолияти шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимият, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ, яъне барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва бо ҳамин роҳ пешгирӣ кардани хатари парокандагии миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тоҷикон вазифаҳои мубрамтарину аввалиндараҷаи мо дар он айём ба шумор мерафтанд».
Ба таъкиди Президенти мамлакат, ҳамаи ин корҳо бо майлу иродаи қавии халқ ва дастгириву пуштибонии қотеонаи мардуми шарифи Тоҷикистон анҷом дода шуданд ва роҳ барои барқарорсозии иқтисодиёти фалаҷшуда ва таъмин намудани рушди минбаъдаи он ҳамвор гардид.
АКС аз бойгонӣ








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






