«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон

Июнь 23, 2024 11:35

ДУШАНБЕ, 23.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Ман ки худ яхшинос ҳастам ва ба пиряхҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунам, медонистам, ки Тоҷикистон чӣ қадар пиряхҳо дорад, аммо ҳеҷ гоҳ онҳоро надида будам. Ман ба мардуми тоҷик ҳавас мебарам, зеро Шумо дар иҳотаи чунин кӯҳҳои сарбафалак ва пиряхҳои азим зиндагӣ доред», — изҳор дошт таассуроташро аз тамошои дараи Ромит Турибек Токмагамбетов, роҳбари Шуъбаи мониторинги криосфераи кӯҳии Маркази минтақавии глетсиологии Осиёи Марказӣ зери роҳбарии ЮНЕСКО, зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, баъд аз оне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 – ро ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намуданд, номбурда тасмим гирифт, ки ба Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи амали об ба Душанбе биёяд.

«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли чанд сол аст доир ба масъалаи обу иқлим ташаббус нишон дода истодаанд, ки аҳолӣ моҳияти онҳоро хуб дарк намуда, ҷомеаи ҷаҳон низ аз ин ташаббусҳои муҳим ҷонибдорӣ мекунад. Мо бори дигар дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028, боварӣ ҳосил кардем, ки масъалаҳое, ки дар ин ҳамоиш баррасӣ шуданд, чӣ қадар муҳим ва саривақтӣ мебошанд», — афзуд Турибек Токмагамбетов.

Номбурда изҳор дошт, ки ҳамаи он ташаббусҳое, ки на танҳо ба масъалаи пиряхҳо, балки ба масъалаи об дахл доранд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро дуруст баҳогузорӣ мекунанд. Маҳз чунин тасмимҳои муҳиму саривақтӣ дар масъалаи обу иқлим, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба Тоҷикистон бештар намуда аст.

«Ман ҳамчун яхшинос, ҳамон замон тасмим гирифтам, ки ҳатман дар ин конференсия иштирок хоҳам кард, на ба он хотир, ки ин масъала барои ҷомеаи ҷаҳон мубрам аст, балки ба он хотир, ки бубинем, худи Тоҷикистон ин масъаларо чӣ гуна ҳал хоҳад кард. Дар чунин сатҳи баланд Ҷумҳурии Тоҷикистон ин конференсияро доир намуд, ки қобили таҳсин ҳаст», — изҳор дошт ӯ.

Олег Митрухин: «Он чизеро, ки Президенти Тоҷикистон доир ба масоили обу иқлим мегӯянд, барои ҷомеаи ҷаҳон хеле муҳим аст»

Директори Институти солимии ҷомеаи Донишгоҳи Сечени шаҳри Москваи Федератсияи Русия Олег Митрухин маротибаи дуюм аст, ки ба Тоҷикистон меояд. Ӯ зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» аз иштирокаш дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 ёдовар шуда, изҳор дошт, ки дар ин ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба муҳим будани масъалаи об ҷалб намуданд.

«Суханронии роҳбари давлате аз Осиёи Марказӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи об хеле муҳим аст. Мо аз Президенти Тоҷикистон ҷиҳати ба миён гузоштани масоили муҳими марбут ба об хеле миннатдор ҳастем ва ташаббусҳои ӯро дар ин самт дастгирӣ мекунем», — изҳор дошт Олег Митрухин.

Директори Институти солимии ҷомеаи Донишгоҳи Сечени шаҳри Москва дар хусуси Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», изҳор дошт, ки он дар сатҳи хеле олӣ доир гардида, дар чаҳорчӯбаи он маърӯзаҳои зиёди муҳиму манфиатнок пешниҳод гардиданд. Номбурда изҳори умед кард, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати масъул дар ҳошияи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, Пешвои баҳодиҳии масъалаи об ва таъминоти он хоҳад буд.

«Он чизеро, ки Президенти Тоҷикистон доир ба масоили обу иқлим мегӯянд, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҷомеаи ҷаҳон муҳим аст. Тавассути ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба обу иқлим, мушкилоти мавҷудаи мамлакатҳои ҷаҳон дар масъалаи об ҳалли худро меёбанд», — таъкид дошт Олег Митрухин.

Номбурда илова кард, ки ҳамаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷойгир ҳастанд. Ҳар қадаре ки ҳарорати ҳаво гармтар шавад, ҳамон қадар пиряхҳо зудтар об мешаванд ва ҳамон қадар камтар захираи об барои насли оянда боқӣ хоҳад монд. «Аз ин рӯ, он ташаббусеро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон гузоштаанд, воқеан ҳам ба он равона гардида аст, ки гармшавии шадид рух надода, об захира гардад, зеро агар об набошад, ҳаёт низ вуҷуд дошта наметавонад», — гуфт коршиноси соҳа.

Олег Митрухин саёҳат ба дараи зебоманзари Ромитро хубу хотирмон ва нотакрор арзёбӣ намуд.

«Ин саёҳат хеле олиҷаноб буд. Ман дар чанд соли охир сафарҳои хидматии зиёд доштам. Аммо сафаре, ки ба Тоҷикистон доштам, аз ҳама сафари хубу хотирмон мебошад. Ман аз ҷумла, дар Ню-Йорк, Женева, Оттава ва Африқо будам, аммо ташкили чунин сафар барои мо дар Тоҷикистон, ин дар сатҳи олӣ буд», — чунин хулосагирӣ намуд, сафари навбатии худро ба Тоҷикистон Олег Митрухин, директори Институти солимии ҷомеаи Донишгоҳи Сечени шаҳри Москваи Федератсияи Русия.

Ёдовар мешавем, ки аз 10 то 13 июни соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор шуд, ки дар он зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок намуданд.

Манижа БАҲРОМЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Душанбе-Ромит-Душанбе

Июнь 23, 2024 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии оби Душанбе нишасти матбуотӣ доир шуд
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қабули қатъномаи Иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Бангкок
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар ҳалли ин масъала нақши муҳим дорад
Раҳмон Исломиддин: «Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба обу иқлим ба ҳалли мушкилоти аҳли башар мусоидат менамоянд»
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН. Ҳифзи пиряхҳо барои амният, шукуфоӣ ва адолат муҳим аст
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Сеул нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон