Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Карли III барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 09.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Карли III барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Аълоҳазрат,
Хабари даргузашти Улёҳазрат Маликаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
Улёҳазрат Елизаветаи II бо фаъолияти доманадори худ дар маснади Маликаи Подшоҳӣ хислату мӯҳтавои як давраи муҳими рушди кишварро муайян намуда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯву эътибори баланд ва эҳтиром гардида буд.
Ҷониби Тоҷикистон нақши марҳумро дар рушду тавсеаи равобити нек ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ сидқан эҳтиром мегузорад.
Дар иртибот ба ин мусибати гарон бо ибрози тасаллӣ ва таъзияи самимии худ ба Шумо, Аълоҳазрат, ҳамаи наздикону пайвандонатон ва мардуми дӯсти Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сабри ҷамил хоҳонам».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд






