Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Лиз Трасс барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Сентябрь 7, 2022 16:10

ДУШАНБЕ, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Лиз Трасс барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба ҳайси Роҳбари Ҳизби консерваторон ва ба даст гирифтани зимоми умури Сарвазири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба Шумо табрикоти самимии ин ҷонибро иброз менамоям.

Дар ибтидои соли равон кишварҳои мо 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатиашонро таҷлил намуданд.

Тайи ин давра мо ба таҳкими равобити дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишвари Шумо аҳаммияти хосса зоҳир намуда, ҳамеша алоқаманди рушди минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.

Изҳори умед менамоем, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ муносиботи ҳамкорӣ барои ҳарду ҷониб судманд ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи худ ворид шуда, бо мазмуну мундариҷаи нав ғанӣ хоҳанд гашт.

Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки ҷиҳати пешбурди самарабахши ин раванд дар сатҳҳои мухталиф саъйю талошҳои муштарак ба харҷ диҳад.

Ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дар фаъолияти минбаъдаатон пирӯзиҳои навин, ба мардуми дӯсти Шоҳигарии Муттаҳида рифоҳу шукуфоии беш аз пеш орзу менамоям.

Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ба Шумо ғанимат мешуморам».

Сентябрь 7, 2022 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд