Р. Т. Эрдоган: Дар Туркия яке аз роҳбарони «Давлати исломӣ»* дастгир гардид
ДУШАНБЕ, 12.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Неруҳои амниятии Туркия яке аз роҳбарони созмони террористии «Давлати исломӣ» /ДИ/*-ро дастгир карданд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе, 8 сентябр Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган изҳор дошт, хабар медиҳад АИ «Синхуа».
Полис ва хадамоти иктишофии Туркия Башор Хаттоб Ғазал ал-Сумайдаӣ, маъруф ба Абу Зайдро дастгир карданд, хабар медиҳад агентии нимарасмии Анадолу.
«Дар ҳисоботи байналмилалӣ ва маърӯзаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин маълумот мавҷуд буд, ки ин террорист яке аз роҳбарони аршади созмони террористии ДИ будааст». Ҳангоми бозпурсӣ дастгиршуда изҳор дошт, ки ӯ дар ба ном вазоратҳои маориф ва адлия ба ном «қозӣ» буд», — иттилоъ дод Р.Т. Эрдоган ба хабарнигорон дар дохили ҳавопаймоаш ҳангоми бозгашт аз Хорватия.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз Абубакр ал-Бағдодӣ ва Абдулносир Кардаш Абу Зайдӣ дастгиршуда аз муҳимтарин роҳбарони ДИ* маҳсуб меёфт.
__________________
* Созмони террористие, ки дар Тоҷикистон мамнуъ аст
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид






