Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуд

Сентябрь 14, 2022 07:37

ДУШАНБЕ, 14.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 13 сентябри соли 2022 бо дархости Сарвазири Арманистон, Раиси феълии Шӯрои Амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Никол Пашинян Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амнияти дастҷамъии Созмон дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи мазкур Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар суханронии худ Сарвазири мамлакат нигаронии ҷониби Тоҷикистонро аз рӯйдодҳои охир дар хати ба ҳам омадани неруҳои ҳарбии Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иброз намуд.

Таъкид гардид, ки дар вазъияти имрӯзаи бавуқуъпайваста ғояти муҳим аст, ки ба ташаннуҷи минбаъдаи вазъият роҳ дода нашавад ва ҷонибҳо ҳар чи зудтар роҳҳои ҳалли мушкилотро ба маҷрои сиёсиву дипломатӣ баргардонанд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ягона роҳи таъмини сулҳу субот дар минтақа ин истифодаи муассир аз василаҳои муколама дар асоси санадҳои қабулгардида мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти СААД/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 14, 2022 07:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид