Шараф Шерализода бо роҳбарони муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа нишасти маҷозӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода 28 сентябр нишасти кории маҷозӣ бо роҳбарони муассисаҳои консулии мамлакат дар хориҷа баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни нишасти мазкур иштирокдорон имконияти ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷиро дар соҳаҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, таҳкими иқтидори содиротии кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ ва мушкилиҳои ҷойдошта баррасӣ намуданд.
Инчунин дар нишасти корӣ масъалаҳои консулӣ, бахусус баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкорӣ бо диаспораҳо (ҷамъиятҳо)-и тоҷикон дар кишварҳои иқомат ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Акс: ВКХ ҶТ








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






