Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Риёз бо як зумра вазирони корҳои хориҷии кишварҳои арабии Халиҷ мулоқот намуд

Сентябрь 8, 2022 08:16

ДУШАНБЕ, 08.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо як зумра  вазирони корҳои хориҷии кишварҳои арабии Халиҷ мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Муҳаммад ибни Абдураҳмон Оли Сонӣ роҷеъ ба масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба ва дигар мавзӯъҳои эҳтимоми тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.

Зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба баррасӣ гадиданд.

Ҷонибҳо инчунин перомуни ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини раиси шӯрои вазирон, вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт доктор Аҳмад Носир ал Муҳаммад ал Сабоҳ роҷеъ ба масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба ва дигар мавзӯъҳои эҳтимоми тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.


Инчунин 7 сентябр вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Салтанати Уммон Бадр ибни Ҳамад ал Бусаидӣ баргузор гардид.

Зимни дидор масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд.


Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 7 сентябр дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ нахустин ҷаласаи муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Дар ин нишаст Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар поёни ҷаласа Баёнияи муштарак, инчунин Харитаи роҳи ҳамкории муштарак барои солҳои 2023-2027 қабул гардид.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 8, 2022 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд