Суди олии ФР ҳафтаи равон даъвои Прокуратураи генералии Русияро дар бораи террористӣ эътироф намудани ҲНИТ* баррасӣ мекунад

Сентябрь 12, 2022 10:30

ДУШАНБЕ, 12.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Суди олии Федератсияи Русия мурофиаи судии даъвои Прокуратураи генералии Русияро дар бораи ташкилоти террористӣ эътироф намудани «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон»* (ҲНИТ) 14 сентябр таъйин кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора ба Агентии иттилооти ҳуқуқӣ ва судии Русия дар хадамоти матбуоти суд хабар додаанд.

Мурофиа паси дарҳои баста баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов хабар дода буд, ки ниҳоди зертобеъаш барои террористӣ эътироф намудани ҲНИТ* ба суд даъво пешниҳод кардааст.

25 июли соли 2022 Игор Краснов бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада буд. «Ба маълумоти ҳамтоям (Прокурори генералии Тоҷикистон – АМИТ «Ховар») мерасонам, ки дархости ӯ дар бораи террористӣ эътироф намудани баъзе ташкилот дар Русия баррасӣ шуд. Мо аллакай нисбат ба ҲНИТ* ба суд даъвои дахлдор пешниҳод кардем», — гуфт ӯ.

Суди Олии Тоҷикистон соли 2015 бо даъвои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро террористию экстремистӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнуъ кард. Илова бар ин, ҳизб ба феҳристи ташкилоти террористии Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ шомил карда шудааст.

____________________

*Ташкилоти террористию экстремистии мамнуъ дар Тоҷикистон

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 12, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид