ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ СИЁСӢ ДАР ШАРОИТИ НАВИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳои коршиноси масъалаҳои амнияти минтақавӣ Исроил Баротов

Сентябрь 4, 2022 11:51

ДУШАНБЕ, 04.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳилаи сифатан нави таърихӣ гардид. Имсол мардуми Тоҷикистон 31-солагии Истиқлолияти давлатиро таҷлил мекунад. Марҳилаи нав дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро ба миён гузошт. Дар ин росто ҳимояи истиқлолияти сиёсӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ дар низоми манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар мавқеи хосса дошта, барои мавҷудияти давлату миллати тоҷик дар масири ояндаи таърихӣ нақши ҳаётан муҳим дорад.

 Дар иртибот ба 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими  манфиатҳои ҳаётан муҳими Тоҷикистон ва ҳифзи пояҳои истиқлолияти сиёсӣ дар шароити тағйирпазирии вазъи геополитикии ҷумҳурӣ  муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроил БАРОТОВ  дар суҳбат бо  АМИТ «Ховар»  чунин изҳори  андеша намуд:  

— Таҳкими амнияти манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пояҳои истиқлолияти сиёсӣ дар шароити тағйирпазирии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон аҳамияти ҳаётан муҳим касб намудааст. Ҳимояи истиқлолияти сиёсӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ дар низоми манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар мавқеи хосса дошта, барои мавҷудияти давлату миллати тоҷик дар масири ояндаи таърихӣ нақши ҳаётан муҳим дорад.

Истиқлолияти сиёсӣ ҳамчун афзалияти умумимиллӣ ҳолати ҳимояшавандагии манфиатҳои ҳаётан муҳими кишварро дар назар дорад. Дар шароити феълӣ манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистонро манофеи бақодории мамлакат, аз ҷумла ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар, якпорчагию ваҳдати миллӣ, ташаккули ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ, рушди устувор ва ҳимояи кишвар аз таҳдиду хатарҳои ҳарбӣ ташкил медиҳанд.

Истиқлолияти сиёсии тоҷикон натиҷаи истиқлоли фикрии ниёгон, идомаи мантиқии занҷираи давлатдорӣ, таҷаллӣ ва инъикоси ормонҳои ҳазорсолаи таърихии миллати тоҷик маҳсуб мешавад. Дар ин замина истиқлолияти фикриро ҷавҳари истиқлоли сиёсӣ арзёбӣ намудан мувофиқи мақсад аст.

Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ кашида шуд. Дар натиҷаи буҳронҳои сиёсию иҷтимоии солҳои 90-ум баъзе омилҳои аз даст рафтани истиқлолияти сиёсии бадастомада зоҳир гардида буд. Дар ин масир ба саҳнаи сиёсат ворид гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату миллати тоҷикро аз вартаи фалокату нестшавӣ наҷот дода, ваҳдати миллӣ, амнияту суботи сиёсӣ ва пояҳои истиқлолияти давлатиро устувор сохт. Дар натиҷа сангари ормонҳои ҳазорсолаи таърихӣ эҷод гашта, эҳёи давлатдории миллӣ ва мавҷудияти сиёсии тоҷикони дар сахттарин вазъияти муқовимати ҳувиятӣ қарордошта нигоҳ дошта шуд. Ҷанги таҳмилӣ идомаи мантиқии стратегияи тоҷикситезии душманони қадимии мо, тоҷикон дар масири ҳазорсолаи охири таърихӣ буд.

Истиқлолияти сиёсӣ дар зеҳну тафаккури миллат ангезаи эҳёи миллиро бедор сохта, ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллиро тақвият бахшида, барои ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакат дар равандҳои пуртазоди байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам сохт. Истиқлолияти сиёсӣ авҷи бедории миллӣ ва худшиносии миллии мо, тоҷикон мебошад.

Истиқлолияти сиёсӣ- ин озодии иродаи миллӣ, шаъну шараф, қудратмандӣ, рамзи қудрату тавоноии миллӣ ва дар маҷмӯъ рукни муҳимтарини давлатдории миллӣ ва ҳастии мо, тоҷикон дар шароити мураккаби минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин дар ҷаҳони муосир вобаста ба он таҳаввулоте, ки дар арсаи равандҳои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон ба амал омада истодааст, мазмуну муҳтавои истиқлолияти сиёсиро ба якчанд дигаргуниҳо дучор сохтааст. Яъне, истиқлолияти сиёсӣ дар баробари равандҳои дигари ҷамъиятӣ ба ваҳдату субот ва амнияти дохилию хориҷӣ ниёз дорад. Аз ин нуқтаи назар ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакат дар фаросӯи зоҳиршавии таҳдидҳо ба истиқлолияти сиёсӣ авлавияти старагегӣ касб намудааст.

Аз назари фалсафаи сиёсат истиқлолияти сиёсӣ ҳолатест, ки дар он миллат ҳамчун умумияти томи сиёсию таърихӣ сарнавишти имрӯза ва ояндаи худро ба даст гирифта, манфиатҳои умумимиллиро дар арсаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ҳимоя менамояд. Бидуни истиқлолияти сиёсӣ на танҳо мавҷудияти давлатдорӣ, балки ҳимояи манфиатҳои миллӣ ғайриимкон аст.

Истиқлолияти сиёсӣ волоияти ҳокимияти сиёсие мебошад, ки дар қаламрави мамлакат машруияти миллию дохилӣ ва дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ машруияти байналмилалӣ касб намуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ расман эътироф шуда бошад. Аз ин рӯ, машруият ҷавҳари арзишии истиқлоли сиёсиро дар муҳити дохилию берунаи системаи сиёсӣ ташкил медиҳад. Зеро истиқлолияти сиёсиро дар дохил эълон ва дар хориҷ эътироф менамоянд. Ҳамчунин истиқлолияти сиёсӣ озод будани як давлат аз тобеият ба давлати дигар буда, ифодакунандаи мустақилияти миллӣ дар муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ бидуни дахолати кишварҳои беруна мебошад.

Истиқлолияти сиёсӣ аз нигоҳи мантиқи сиёсӣ ҳамчун раванд арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, таъмини амнияти миллии мамлакат ва таъмини суботи сиёсии кишвар маънои ҳимояи истиқлолияти сиёсии кишварро дорад. Таъмини амнияти миллӣ- ин бешубҳа, ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳим, манфиатҳои бақодорӣ, манфиатҳои ҳарбӣ ва ҳимояи истиқлолияти сиёсист.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назари ҷуғрофӣ дар чорсӯи тамаддунҳои гуногуни ҷаҳонӣ қарор дошта, бо онҳо ҳамҷавору дорои муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ мебошад. Мавқеи мазкур метавонад ба раванди ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар дар арсаҳои геополитикии минтақа ва ҷаҳон зарфияти таъсиргузор дошта бошад.

Ба андешаи мо, дар масири ояндаи таърихӣ истиқлолияти фикрию рушди илмӣ, идеологияи миллӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, ҳимоя ва таҳкими заминаҳои маърифатии истиқлолияти сиёсӣ, мувозинати стратегӣ ва таъмини тавозуни геополитикӣ дар фазои кишвар, иқтисод ва саноати пешрафта ва дар маҷмӯъ рушди устувор метавонанд пояҳои истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  равандҳои мураккаби минтақа ва ҷаҳон устувор намуда, на танҳо таҳдидҳо ба манфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакатро бартараф месозад, балки метавонад барои расидан ба қуллаҳои баланди истиқлолияти сиёсӣ дар масири давлатсозӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Таҳкими ваҳдати миллӣ пояи устувори истиқлолияти сиёсист ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ маънои таҳким бахшидани ваҳдати миллиро дорад. Ба ибораи дигар, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти сиёсӣ ду мафҳуми ҷудонопазиранд.

Дар баробари ин истиқлолияти сиёсӣ ва ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакат низ бо ҳамдигар алоқамандии ногусастанӣ дошта, аз нигоҳи мантиқӣ яке бо дигаре бартарию неруи нав бахшида, ҳамеша ҳамсафари давлатдории миллати тоҷик дар масири ояндаи таърихӣ мебошанд. Аз ин нуқтаи назар, таҳкими идеологияи миллӣ ва ваҳдати миллӣ пояҳои истиқлолияти сиёсиро таҳким бахшида, ҳамчунин ягонагии миллиро дар масири устувор намудани пояҳои истиқлолияти сиёсии тоҷикон низ ҳамчун умумияти томи сиёсӣ дар арсаи сиёсӣ ташаккул медиҳад.

Ифтихор аз истиқлолияти сиёсӣ ва арзишҳои дунявият дар шароити рушди давлатдории миллӣ, пеш аз ҳама, ифтихор аз миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷикон буда, маънои дар сатҳи баланди худшиносӣ ҳимоя намудани манфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакатро дорад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2022 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
ХИЗМАТ БА ВАТАН УҲДАДОРИСТ! Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷаласа оид ба даъвати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Қонун «Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ» ба пешгирии ифротгароӣ ва рушди тафаккури миллӣ нигаронида шудааст
Ба Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар бораи сиёсати зиддимухаддиротии Тоҷикистон маълумот дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Қатар ва Ҷумҳурии Корея дар муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ карда шуд
Дар Ҳиндустон ҷаласаи 18-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Тоҷикистон ва Беларус ҳамкориро дар самти муқовимат ба коррупсия густариш медиҳанд
Маҷаллаи «Шарҳи вазъи назорати маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022» дар Вена муаррифӣ карда шуд
ХИЗМАТ БА ВАТАН УҲДАДОРИСТ! Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон доир ба даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ ҷаласа доир гардид
15 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Дар Тоҷикистон 65 озмоишгоҳи таъминоти бехатарии озуқаворӣ фаъолият мекунад
Дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон хатари лағзиши тарма ва резиши санг то 16 март боқӣ мемонад
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канории Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ иштирок кард