ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, ҷумъа, 273-юмин рӯзи соли 2022 аст

Сентябрь 30, 2022 08:00

30 сентябри соли 2004 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи танзими ҷараёни таҳия ва интишори иттилооти расмӣ Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» — и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси бунгоҳҳои хабарнигории худ дар кишварҳои хориҷӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.

***

10 сол қабл, 30 сентябри соли 2012 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Ҷоми Президенти Конфедератсияи футболи Осиё – 2012 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Аммарӣ»-и Фаластин баргузор гардид. Бозӣ бо иштирок ва дастгирии беш аз 19 ҳазор мухлисони футбол ҷараён гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон анҷом ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар ИМА  Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди «Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором» суханронӣ карданд.

30 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

***

Рӯзи байналмилалии тарҷумонҳо.

***

Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти адлия.

 

РӮЙДОДҲО:

 30 сентябри соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои генералии шаҳри Хуҷанд ва шаҳраки Сомониён — маркази ноҳияи Рӯдакиро тасдиқ кард.

***

30 сентябри соли 2016 лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид.

 

***

30 сентябри соли 1902 абрешими сунъӣ соҳиби патент гардид.

 

Сентябрь 30, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, ҷумъа, 343-юмин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, панҷшанбе, 342-юмин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, чоршанбе, 341-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, сешанбе, 340-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, душанбе, 339-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, якшанбе, 338-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, шанбе, 337-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 2 декабр, ҷумъа, 336-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, панҷшанбе, 335-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, чоршанбе, 334-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, сешанбе, 333-юмин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, душанбе, 332-умин рӯзи соли 2022 аст

Маводҳои таҳлилӣ