ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз канали дериватсионии хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Ҳ. Шерозӣ манъ мегардад
ДУШАНБЕ, 21.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 20 сентябр бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти навсозишавандаи хиёбони Рӯдакӣ, аз канали дериватсионӣ то пайвастшавӣ ба хиёбони Ҳ.Шерозӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт қатъ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари дар ин хиёбон фаъолияткунанда, аз қабили хатсайрҳои автобусии №4, 33 ва хатсайрҳои микроавтобусии №21, 24А, 26, 27 ва 34 тағйирот ворид карда шуда, фаъолияти ин хатсайрҳо то ба истифода додани хиёбони мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, Карамов, А.Ҳакимзода ва У.Хайём ба роҳ монда мешавад.
Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати хиёбони Рӯдакӣ истифода баранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






