Туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хона-музейи устод С. Айнӣ дар шаҳри Самарқанд

Сентябрь 17, 2022 17:05

ДУШАНБЕ, 17.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба хона-музейи устод Садриддин Айнӣ китоби «Тоҷикон»-и аломма Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун рамзи эҳтиром ба сардафтари адабиёти муосири тоҷик тақдим намуданд, иттилоъ медиҳанд хабарнигорони АМИТ «Ховар».

«Ҳамчун рамзи эҳтиром ва гиромидошти шахсияти бузурги устод Садриддин Айнӣ ин китоб ба хона-музейи ёдгории устод С. Айнӣ эҳдо гардид. Хизмати устод С. Айнӣ барои халқи тоҷик барҷаста ва беназир аст», — омадааст дар дастхате, ки дар саҳифаи аввали китоб аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст.


Китоби мазкур аз номи Пешвои миллат аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Аъзамшо Шарифӣ, Сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҳузури як зумра зиёиёни шаҳри Самарқанд тақдим карда шуд.

Зимни тақдими китоб зикр гардид, ки нақши устод С. Айнӣ дар тарбияи насли нави адибони тоҷик ва узбек беназир мебошад.

Гуфта шуд, ки дар садаи ХХ устод Садриддин Айнӣ идомадиҳандаи анъанаҳои неки чандасраи равобити дӯстонаи тоҷикон ва узбекон буда, дар ин роҳ хидмати шоистаеро ба анҷом расондааст. Устод Айнӣ бо адибони узбек — Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом ҳамкории наздики эҷодӣ барқарор карда, дар тарбияи онҳо нақши назаррас дорад. Вай аз аввали қарни ХХ бо ду забон — тоҷикӣ ва узбекӣ асар эҷод карда, ба тақдири халқи узбек ва сарнавишти фарзандони он баҳои воқеӣ додааст.

Акрамхоҷа АКБАР,
Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 17, 2022 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон