Вазорати корҳои дохилӣ: Садама дар шоҳроҳи «Душанбе-Чаноқ» бо сабаби аз кор баромадани таҷҳизоти боздорӣ ба амал омадааст

Сентябрь 6, 2022 13:35

ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар километри 46-уми роҳи Душанбе — Чаноқ, бинобар аз кор баромадани тормоз (низоми боздорандаи ҳаракат) автомобили барои интиқоли гази моеъ пешбинишуда ба садама дучор шуд. Ҳоло роҳ кушода буда, ҳаракати муназзами тамоми намуди нақлиёт таъмин аст, иттилоъ додааст ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» («IRS») дар саҳифаи фейсбукии худ.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз, соати 10:30, дар  километри 43-юми шоҳроҳи «Душанбе-Чаноқ» мошини газкашон, тамғаи «Дулан», рақами қайди давлатиаш 3913 НА 01 РТ, таҳти идораи ронанда Амиршо Шамсиддинов, сокини ноҳияи Панҷ,  бинобар сабаби аз кор баромадани таҷҳизоти тормоздиҳӣ ба болои тарозӯи плазаи толлингии «Ҳушёрӣ», ки ба ширкати саҳомии IRS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, бархӯрда, ба дарёи Варзоб афтода, таркиш ба амал омадааст.

Дар натиҷаи таркиш 2 нафар ба ҳалокат расида, 1 нафар ҷароҳат бардоштаанд ва 2 мошини дигар қисман зарар дидаанд.

Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи тафтишӣ корҳои таҳқиқӣ анҷом дода истодааст.

Доир ба тафсилоти мухтасари садама ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» («IRS») дар Тоҷикистон чунин иттилоъ додааст: Баъд аз кор баромадани тормоз мошини мазкур бидуни тормоз қариб ду километрро тай карда, сипас ба дарё сарозер мешавад.

Дар ин фосила ронанда худро аз мошин берун партофта, бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ ба беморхона интиқол меёбад.

Мутаассифона, баъд аз рух додани таркиш бо сабабҳое, ки баъдтар мақомоти дахлдор шарҳу тавзеҳ медиҳанд, ду мусофири ду мошини  сабукрав дар маҳалли ҳодиса аз алангаи оташи автомобили таркида ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин як нафар зан зери автобуси самти Душанбе — Панҷакент монда, ҷон медиҳад. Чор нафари дигар, ки осеби ҷисмонӣ бардоштаанд, ба беморхона интиқол дода шуданд.

Овозаҳо дар мавриди он ки мошини зикршуда ба автобус бархӯрдааст, беасос мебошанд. Нақлиёти мусофиркаши мавриди назар ба дохили ҷӯйбори канори роҳ афтода, мусофирони он, аз ҷумла 17 шаҳрванди хориҷӣ сиҳату саломатанд.

Роҳбарият ва кормандони филиали ширкат ба наздикону пайвандони нафарони фавтида изҳори ҳамдардӣ намуда, ба онҳо сабри ҷамил мехоҳанд.

Аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки пеш аз сафар ба ҳолати техникии воситаи нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, то боиси пайомади ногувор нагардад.

Ҳоло роҳ кушода буда, ҳаракати муназзами тамоми намуди нақлиёт таъмин аст.

АКС: Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» («IRS») дар Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2022 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд