«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Суғд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз ёфт

Октябрь 18, 2022 09:02

ДУШАНБЕ, 18.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд» даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти  матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи даври вилоятии озмуни мазкур муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси ҳакамони озмун Муртазо Зайниддинзода ва сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода иштирок намуданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф яке аз самтҳои  меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму дониш, омӯзиши  техника ва технологияҳои нав, тақвияти неруи зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва сиёсати  маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Зикр шуд, ки озмун аз рӯйи панҷ номина баргузор мешавад: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик,  адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср.

Иштирокчиёни номинаҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

— хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);

— хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

— донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ;

— омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври вилоятии озмун барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ (ниҳоӣ) роҳхат мегиранд.

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  нимаи якуми моҳи декабри соли 2022 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор мегардад.

АКС: Хадамоти  матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 18, 2022 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия мулоқот доир гардид
Такмили Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баррасӣ шуд
Масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносии муосир дар форуми байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд
«ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН». Рисолаи Сотим Улуғзода оид ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино
СИНО ВА ХАЙЁМ — СИМОҲОИ БАРҶАСТАИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳамоиши илмӣ доир шуд
Масъалаҳои густариши ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо ЮНЕСКО баррасӣ шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар мавзуи «Ибни Сино дар шинохти Сотим Улуғзода» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид
Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд