Нақши Пешвои миллат дар рушду густариши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ беназир аст
ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду густариши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ беназир буда, маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид»,-чунин ибрози назар намудааст Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода дар мақолаи худ таҳти унвони «Эҳё ва рушди забони давлатӣ дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат. Ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад», ки дар сомонаи АМИТ «Ховар» ба нашр расидааст.
Ба андешаи Эмомалӣ Насриддинзода, бори нахуст дар таърихи давлатдории мо забони тоҷикӣ рукни муқаддас дониста шуд, ки нишони аҳаммияти махсуси давлатӣ нисбат ба забони модарист. Дар ин росто, муҳиммияти муқаддасоти мазкур, қабл аз ҳама, дар асарҳои калидӣ ва оламшумули Пешвои миллат инъикоси пурвусъат ёфтаанд.
«Яъне китобҳои Роҳбари давлат таҷассумгар ва таҳкимбахши заминаҳои таърихӣ ва рушди забони тоҷикӣ мебошанд. Пешвои муаззами миллат дар таълифоти илмию таҳқиқотиашон муҳимтарин масъалаҳои миллат ва забонро мавриди баррасӣ қарор дода, иртиботи бевоситаи ин ду рукни муҳимми миллатсоз ва давлатсозро пайваста таъкид месозанд. Аз ҷумла, асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён» (2002), «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён» (2002), «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориёнто Сомониён» (2006), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», (2006), суханрониҳояшон дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун оид ба сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва роҳнамоӣ доранд»,-нигоштааст ӯ.
Дар ин радиф, тавре мавсуф иброз намудааст, махсусан асари дуҷилдаи «Забони миллат-ҳастии миллат», ки сайри таърихии забони тоҷикиро аз замони қадим то имрӯз дар бар гирифтааст, бори дигар собит сохт, ки Пешвои миллат нисбат ба тақдири забони давлатӣ таваҷҷуҳи хосса дошта, оид ба рушду такомули минбаъдаи он пайваста андешаронӣ мекунанд.
Дар ин асари бунёдӣ дастовардҳои навтарини забоншиносиву тоҷикшиносии ватаниву ҷаҳонӣ ҷамъбаст гардида, аз лиҳози сабку ҷобаҷогузории мавод ва тарзи пешниҳод аз дигар осори забоншиносӣ ба куллӣ фарқ мекунанд. Аз ин рӯ, дар марҳалаи сифатан нави давлатдории мо, тоҷикон таълиф ёфтани асари гаронбаҳои «Забони миллат – ҳастии миллат» аз як ҷиҳат барои муаррифии забони мо – нишони ҳастии мо хизмати бузург ба анҷом расонида бошад, аз ҷониби дигар арҷгузорӣ ба забони миллат, ҳалли якчанд масъалаҳои баҳсталаби забоншиносии тоҷик ва бозгӯи қудрату манзалат, ҳифзи асолати забони тоҷикӣ аз гузашта то ба имрӯз аст.
АКС: скриншот аз мақола








«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид






