БА ПЕШВОЗИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ. Дар Хуҷанд корхонаи саноатӣ ва иншооти ёрирасони таълимӣ бунёд мешаванд

Октябрь 26, 2022 10:31

 ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» аз ҷониби ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» корхонаи коркарди санг бунёд мешавад, ки масоҳати умумии он  беш аз 1 гектар аст. Дар чунин масоҳат бинои маъмурӣ ва коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коркарди санг бунёд мегарданд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ шинос гардид.

Корхонаи коркарди санг аз ҳисоби маблағҳои ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» сохта шуда, ҳаҷми маблағи сармоягузорӣ 1,4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз ҷониби ширкат барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯи талабот технологияи пешрафтаи ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон дастрас карда шудааст. Иншоот аз як ошёна иборат буда, баъди ба фаъолият оғоз намудани он барои 40 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам мегардад.

Корхонаи коркарди санг тибқи лоиҳаи сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бо тарҳи муосир сохта мешавад.

Сипас Раиси вилоят аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон боздид намуд. Дар донишгоҳ бинои нави замонавӣ, толори барҳавои маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ҷашнӣ барои истифода омода шуда истодаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, пурра бо масолеҳи ватанӣ сохта шудааст. Иншооти навбунёд дорои 20 синфхона, 4 озмоишгоҳ, аз ҷумла озмоишгоҳи криминалистӣ, компютерӣ, студия, 4 синфхонаи лексионӣ буда, бо навтарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ ба масъулини соҳаи сохтмону роҳбарияти шаҳр барои пурра ба охир расонидани корҳои сохтмонӣ ва тақвияти корҳои ободонию сабзазоркунӣ дастуру супоришҳо дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 26, 2022 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст