Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор натиҷагирӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти Раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор, имсол кишти гандуми тирамоҳӣ ҳамагӣ 4114 гектарро ташкил дод, ки 1598 гектари он дар заминҳои обӣ пешбинӣ шудааст. Имсол тибқи дурнамо, ҳамагӣ дар майдони 10981 гектар кишт гузаронида мешавад ва дар ин самт аз ҳоло тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Ин нукта дар ҷаласае, ки дар шаҳри Ҳисор оид ба вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли равон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён доир гардид, зикр шуд.
Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар оид ба татбиқи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат, таъмини натиҷаҳои пешбининамудаи Стратегияи миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат зимни сафарҳояшон ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо сухан гуфт.
Раиси шаҳр ҷадвали суръати рушдро дар самти саноат, сохтмон, савдо, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ, ки дар асоси таҳлилҳои дақиқ таҳия гардида буд, тариқи монитор нишон дода, зикр намуд, ки нақшаи даромади буҷети шаҳр давоми се моҳи охир- июл 101,6 %, август 100,2 % ва сентябр 101,1 % таъмин гардида, рушди Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар нуҳ моҳи соли 2022 108 фоизро ташкил дод. Ин рақам дар семоҳаи аввал 103,5 фоиз ва дар ҷамъбасти шашмоҳа 102,9 фоизро ташкил медод.
Инчунин иштирокдорони ҷаласа бо ҷадвали иҷрои нақшаи намудҳои андоз, бақияи қарзҳои андоз, шумораи бекорон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноат, содироти маҳсулоти саноатӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, истеҳсоли либосҳои мактабӣ шинос гардиданд. Доир ба масъалаҳои бартараф кардани савдои кӯчагӣ, номутобиқатии маълумоти оморӣ ҳангоми ҳисобот, бақайдгирии оилаҳои камбизоат, таносуби нафақахӯрону коргарон, инчунин фаъолияти нокифояи комиссияи авфи амвол ибрози назар карда шуд.
Дар ҷаласа ҳамзамон фаъолияти соҳаи кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ таҳлилу баррасӣ гардида, вобаста ба ҳалли камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарият ва кормандони Раёсати кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ дастурҳои мушххас дода шуданд.
Муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён бо ёдоварӣ аз мураккаб гардидани авзои сиёсии ҷаҳон ва минтақа, таҳдиди хатарҳои афзоянда ва таъсири он ба иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо изҳори назар кард. Зикр шуд, ки дар баробари муваффақият дар самти иҷтимоию иқтисодии шаҳр камбудиву норасоиҳо низ ба назар мерасанд, ки ислоҳи саривақтиро тақозо менамоянд.
Муовини Сарвазир дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳоро дар самти саноат, сохтмон, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум аввалиндараҷа маънидод карда, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҳифзи амнияту оромиро аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа арзёбӣ намуд.
“Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳон қарор дорад, моро зарур аст ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атрофи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид шуда, бештару беҳтар фаъолият намоем, корҳои бунёдкориро вусъат бахшем, сарфаю сариштакориро риоя намоем, дар ҷараёни амалишавии стратегияву барномаҳои соҳавӣ, ки пешбурди иқтисодиёти шаҳрро таъмин менамоянд, иштирок намоем ва барои дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ ва бо натиҷаҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҳамаҷониба бигирем”,- таъкид намуд муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён.
АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд






