«30 СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ташаббускорони иқдоми ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» ба вилояти Хатлон расиданд

Октябрь 15, 2022 11:40

ДУШАНБЕ, 15.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз иқдоми ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета», ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои миллат» дар кишвар ҷараён дорад,  дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  аз ноҳияи Данғара оғоз мегардад. Дар ин бора   ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар доданд. 

Дар ҳошияи баргузории аксияи мазкур чорабиниҳои мухталифи фарҳангиву варзишӣ, мулоқоту вохӯриҳо, ҳамоишҳо ва конфронсҳову нишастҳо бо иштироки вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ҳизб ва ҷавонон баргузор мегарданд.

Бояд ёдовар шуд, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллати тоҷик нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир маҳсуб мешавад. Иҷлосияи мазкурро ҳамчун пойдевор ва кохи муҳташами сулҳ дар Тоҷикистон метавон арзёбӣ намуд, зеро маҳз дар он ҳайати нави сиёсии роҳбарияти олии кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаҳои амалии рафъи буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишварро таҳия ва қабул намуд. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллиро фароҳам овард ва хатари парокандагии давлати тоҷиконро аз миён бардошт.

Ёдовар мешавем, ки аксияи ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои миллат» ҷиҳати тарғибу ташвиқи аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Албоми мазкурро аз 12 то 22-юми сентябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз 22-юми сентябр то 5-уми октябр дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аз 5-уми октябр то 14-уми октябр дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ қабул намуданд. Инак аз 15-уми октябр то 3-юми ноябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва   аз 3 то 6-юми ноябр дар шаҳри Душанбе ин аксия  ҷараён мегирад.

                                                                                         АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд