31 ОКТЯБР- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Душанбе ба шаҳри ҳушманд ва бехатар табдил ёфтааст
ДУШАНБЕ, 31.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шурўъ аз соли 2014 дар аксар кишварҳои олам 31 октябр Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо (World Cities Day) таҷлил мешавад, ки ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои шаҳришавӣ, рушди шаҳрҳо ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ будани онҳо мебошад. Мувофиқи барномаи СММ то соли 2030 11 ҳадафи устувор дар шаҳрҳо бояд амалӣ карда шавад, ки яке аз онҳо таъмини бехатарии шаҳрҳо мебошад.
Бо ин мақсад Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти шаҳри Душанбе дар ин самт якчанд корҳои назаррасеро анҷом додаанд, ки дар рушди устувори пойтахт саҳм мегузоранд. Аз ҷумла, бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 7 майи соли 2019 Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)» таъсис дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар корхонаи мазкур иброз доштанд, мақсад аз таъсиси ин ниҳод баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ бо истифодаи иттилооти шаҳрӣ баҳри қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасониҳои электронӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.
«Шаҳри ҳушманд (Smart city)» унсури шаҳрест, ки дар асоси охирин назарияҳо такмил ёфта, идоракунии шаҳр бар пояи фанноварӣ, иттилоот ва иртиботот (коммуникатсия) ба роҳ монда мешавад.
Яке аз самтҳои асосии ин ниҳод- «бехатарии ҳушманд» мебошад, ки он баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ ва пешгирӣ намудани шумораи ҷиноятҳо тавассути технологияҳои рақамӣ ва дигар технологияҳои инноватсиониро дар бар мегирад.
«Айни замон дар 70 роҳи мошингарди ҳудуди пойтахт 612 камераҳои назоратӣ гузошта шудаанд, ки танзими ҳаракати нақлиёт ва қоидавайронкунии нақлиётиро кам намудаанд. Дар ҳамбастагӣ бо КВД «Шаҳри ҳушманд» дар 855 ҷойи ҷамъиятӣ, аз ҷумла боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва мавзеъҳои серодам камераҳои даврзананда барои назорати тартиботӣ ҷамъиятӣ насб карда шудаанд»,- иттилоъ дод сардори шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуъмин Ҳасанзода.
Номбурда афзуд, ки тариқи маҷмааи назорати видеоӣ вайронкуниҳои тартиботи ҷамъиятӣ ба навор гирифта, бо сабти вақт, ҷойи содиршавии ин қоидавайронкуниҳо ба маркази идоракунӣ дода мешаванд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин наворҳоро метавонанд ҳамчун далели шайъӣ истифода баранд.
Маҳз таъмини амният ва ҳифзи бехатарии пойтахт аст, ки тӯли чанд соли охир на танҳо шумораи аҳолии он, балки теъдоди сайёҳони хориҷие, ки мароқи сайр дар шаҳри Душанберо доранд, меафзояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС:АМИТ «Ховар»








НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад






