ФАВРӢ! 146 нафар зимни таҷлили Ҳеллоуин дар Сеул дар танба ҳалок шудаанд
 
			
					
										ДУШАНБЕ, 30.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди қурбониёни танбае, ки рӯзи шанбе дар Сеул-пойтахти Кореяи Ҷанубӣ рух дод, ба 153 нафар расид, 22 нафари онҳо хориҷиён мебошанд. Ба ғайр аз ин, беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Yonhap» хабар медиҳад. Роҳбари Кореяи Ҷанубӣ Юн Сок Ёл ва нахуствазир Ҳан Док Су аз табибон даъват карданд, ки ба осебдидагони танба кумаки зарурӣ расонанд. Сарвари давлат инчунин ҷаласаи фавқулода даъват намуд.
Таърихи рӯйдодҳо
Ҳодиса дар минтақаи Итхэвон дар шабнишиние ба шарафи таҷлили Ҳеллоуин рух дод. Дар ин минтақа ҳар сол барои таҷлили ин ҷашн базмҳои зиёде баргузор мешаванд. Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни таҷлили ин маросим дар Сеул издиҳоме ҷамъ омад, ки ба гуфтаи полис, тақрибан 100 ҳазор нафар буданд.
Танба тақрибан соати 22:00-и рӯзи шанбеи 29 октябр дар хиёбони танге дар минтақаи Итхэвон, дар назди меҳмонхонаи Ҳэмилтон ба вуҷуд омад. Хиёбоне, ки ба кӯчаи васеътар роҳ дорад, аз он сабаб фарқ мекунад, ки роҳи он нишебу танг мешавад, аз ин рӯ одамон зери фишори пасомадагон монда, метавонанд ба осонӣ дар инҷо дармонанд.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар кӯча мусиқии баланд садо медод, бисёриҳо дар тан либоси ҷашнӣ меомаданд, аз ин рӯ на ҳамеша маълум буд, ки онҳо воқеан аз ҳуш рафтаанд ё бозӣ мекунанд. Одамон аз кӯчаҳои ҳамсоя омада, ба онҳое, ки дар пеш буданд, фишор меоварданд, то гузашта, пеш раванд.
Тақрибан соати 03:00 ба вақти маҳаллӣ, рӯзи якшанбеи 30 октябр (соати 23:00 ба вақти Душанбе, шанбеи 29 октябр) ҳукумати шаҳр ба сокинон паёми фаврӣ фиристода, аз ҳама мардуми дар минтақаи Итхэвон буда хоҳиш кардааст, ки ба хонаҳояшон бираванд. Аммо сарфи назар аз дархости мақомот, мардум дар тангкӯча ба ҷамъшавӣ идома додаанд, ки дар натиҷа танба ба амал омадааст.
Ҳалокшудагон ва зарардидагон
Аз аввал маълум буд, ки дар ҷараёни танба тақрибан 50 нафар ба сактаи қалб гирифтор шудаанд. Табибон кӯшиш карданд, ки ба осебдидагон кумаки аввалин расонанд ва бевосита дилро масҳ карданд.
Дар маҷмӯъ ба хадамоти таъҷилӣ аз шаҳрвандон 81 занг ворид шудааст, ки гуфтаанд нафаскашиашон душвор шудааст.
Миёни фавтидагон асосан одамони 20-30-сола буданд. Дар минтақа ягон ҳодисаи ихроҷи газ, сӯхтор ва ё дигар рӯйдод ба амал наомадааст. Ҳамаи фавтидагон ва зарардидагон ба танба дучор шудаанд.
Тавре сухангӯи ВКХ Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ ба АМИТ «Ховар» гуфт, дар миёни фавтидагон бар асари ин ҳодиса шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд.
АКС: Reuters









 
						

 Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд 
									 
									 
									 
									 
									





