ФАВРӢ! 146 нафар зимни таҷлили Ҳеллоуин дар Сеул дар танба ҳалок шудаанд

Октябрь 30, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 30.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди қурбониёни танбае, ки рӯзи шанбе дар Сеул-пойтахти Кореяи Ҷанубӣ рух дод, ба 153 нафар расид, 22 нафари онҳо хориҷиён мебошанд. Ба ғайр аз ин, беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Yonhap» хабар медиҳад. Роҳбари Кореяи Ҷанубӣ Юн Сок Ёл ва нахуствазир Ҳан Док Су аз табибон даъват карданд, ки ба осебдидагони танба кумаки зарурӣ расонанд. Сарвари давлат инчунин ҷаласаи фавқулода даъват намуд.

Таърихи рӯйдодҳо

Ҳодиса дар минтақаи Итхэвон дар шабнишиние ба шарафи таҷлили Ҳеллоуин рух дод. Дар ин минтақа ҳар сол барои таҷлили ин ҷашн базмҳои зиёде баргузор мешаванд. Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни таҷлили ин маросим дар Сеул издиҳоме ҷамъ омад, ки ба гуфтаи полис, тақрибан 100 ҳазор нафар буданд.

Танба тақрибан соати 22:00-и рӯзи шанбеи 29 октябр дар хиёбони танге дар минтақаи Итхэвон, дар назди меҳмонхонаи Ҳэмилтон ба вуҷуд омад. Хиёбоне, ки ба кӯчаи васеътар роҳ дорад, аз он сабаб фарқ мекунад, ки роҳи он нишебу танг мешавад, аз ин рӯ одамон зери фишори пасомадагон монда, метавонанд ба осонӣ дар инҷо дармонанд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар кӯча мусиқии баланд садо медод, бисёриҳо дар тан либоси ҷашнӣ меомаданд, аз ин рӯ на ҳамеша маълум буд, ки онҳо воқеан аз ҳуш рафтаанд ё бозӣ мекунанд. Одамон аз кӯчаҳои ҳамсоя омада, ба онҳое, ки дар пеш буданд, фишор меоварданд, то гузашта, пеш раванд.

Тақрибан соати 03:00 ба вақти маҳаллӣ, рӯзи якшанбеи 30 октябр (соати 23:00 ба вақти Душанбе, шанбеи 29 октябр) ҳукумати шаҳр ба сокинон паёми фаврӣ фиристода, аз ҳама мардуми дар минтақаи Итхэвон буда хоҳиш кардааст, ки ба хонаҳояшон бираванд. Аммо сарфи назар аз дархости мақомот, мардум дар тангкӯча ба ҷамъшавӣ идома додаанд, ки дар натиҷа танба ба амал омадааст.

Ҳалокшудагон ва зарардидагон

Аз аввал маълум буд, ки дар ҷараёни танба тақрибан 50 нафар ба сактаи қалб гирифтор шудаанд. Табибон кӯшиш карданд, ки ба осебдидагон кумаки аввалин расонанд ва бевосита дилро масҳ карданд.

Дар маҷмӯъ ба хадамоти таъҷилӣ аз шаҳрвандон 81 занг ворид шудааст, ки гуфтаанд нафаскашиашон душвор шудааст.

Миёни фавтидагон асосан одамони 20-30-сола буданд. Дар минтақа  ягон ҳодисаи ихроҷи газ, сӯхтор ва ё дигар рӯйдод ба амал наомадааст. Ҳамаи фавтидагон ва зарардидагон ба танба дучор шудаанд.

Тавре сухангӯи ВКХ Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ ба АМИТ «Ховар» гуфт, дар миёни фавтидагон бар асари ин ҳодиса шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд.

АКС: Reuters

Октябрь 30, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид
Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст
Шумораи ҳалокшудагон дар кони Костенкои Қазоқистон ба 16 нафар расид