ЭҲДО БА РЎЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Азамату ҷалоли Оли Сомон ва давлати Сомониён маҳз аз баракати забони тоҷикӣ буд

Октябрь 3, 2022 10:48

ДУШАНБЕ, 03.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Азамату ҷалоле, ки Оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, маҳз аз баракати забони дарии тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро ба хиттаи ёдгориҳои арзишманди тамаддун ворид намуда, онро бо тамоми шоистагиаш муаррифӣ кард. Ин забон аз қадимулайём ба худ нишонаҳои забони классикӣ дошта, дар ҷаҳон ба таври густарда вусъат пайдо кардаву асрҳо ба ҳайси забони фарҳангу адаб, савдову тиҷорат ва муоширату гуфтушуниди дипломатии Осиёи Марказӣ истифода мешуд.

Ин матлабро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар арафаи ҷашни Рўзи забони давлатӣ,  ки ҳамасола дар кишвар 5 октябр таҷлил мегардад, дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт.

«Сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки бо забони тоҷикии форсӣ мардумони беш аз 29 кишвари ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд, забони тоҷикӣ аз ҷиҳати калимасозӣ ва ибораороӣ дар сархати забонҳои дунёст ва имкон дорад, ки дар ин радиф беш аз 225 миллион калима ва вожа бисозад. Ин ҳама аз тавонмандӣ, шаҳомат ва бузургиву нодирии забони ноби тоҷикӣ шаҳодат медиҳад»,-мегўяд олими забоншинос.

Ба андешаи ӯ, имрӯз ҳам забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ғановат ва сермаъноии калимаҳо миёни забонҳои хурду бузурги дунё мақоми аввалро доро мебошад, ки далели он луғатномаи Деҳхудо (18 ҷилд) ва 6 ҷилд Луғати тафсирии ӯ мебошад.

«Агар бузургони пешин, устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров адабиёту таърихи пурфарозу оламгири тоҷиконро ҳамчун мероси аслии миллат рўнамоӣ карда бошанд, дар пайомади эшон, абармарди арсаи сиёсат, илм ва фарҳангу иқтисоди мустақил ва худогоҳи воқеии миллии тоҷикон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони тоҷикӣ арҷгузории беназир намуда, ҷойгоҳи онро дар арсаи байналмилалӣ миёни зиёда аз 200 кишвари олам   сайёра баланд бардоштанд. Ва чуноне ки имрӯз ҳамагон шоҳиди ҳоланд, забони тоҷикӣ дар симову ҳузури муборак ва лаҳни гуворои Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои  дигари бонуфузи сиёсиву фарҳангӣ садо медиҳад», -иброз дошт  ҳамсуҳбати мо.

Олимҷон Муҳаммадҷонзода хотиррасон шуд, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб ёфта, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба муқаддасоти миллӣ дохил шудааст. Дар моддаи дуюми Конститутсияи ҷумҳурӣ омадааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд.

                                                                     Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

                           АКС: манбаъҳои боз ва бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 3, 2022 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ёдгории таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор дили меҳмонони чиниро тасхир намуд
Дар Маҷлиси намояндагон «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Намояндагони мақомоти авиатсияи граждании Чин бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Дар Ҳисор ғолибони Фестивал-озмуни сурудҳои ватандӯстона қадрдонӣ шуданд
Бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
ИҚДОМИ НАКӮИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон дастрас мегардад
Пагоҳ дар Душанбе ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мешавад
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр ташкил гардид
«ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Шаҳри Душанбе бо гирифтани 2 Шоҳҷоиза, 11 ҷой ва 3 ҷойи ифтихорӣ дар ҷумҳурӣ беҳтарин дониста шуд
Сарбоз Ҳасани Назар: «Шароити муҳайëгардида дар қисмҳои низомӣ имкон дод, ки дониши худро сайқал дода, сазовори 70000 сомонӣ шавам»
Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» муайян гардиданд

Маводҳои таҳлилӣ