АҲСАН! Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов ба даври нимфинали Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо роҳ ёфт

Октябрь 12, 2022 13:45

ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар даври чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Тошканд бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Минйонг Кими пирӯз шуда, ба даври нимфинал роҳ ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар даври аввал Темур Раҳимов озод буд ва дар даври дуюм намояндаи Словакия Мариус Физелро мағлуб кард.

Дар даври сеюм Темур Раҳимов ҳанӯз дар сонияҳои аввали рақобат бо имтиёзи иппон дзюдочии фаронсавӣ Жосеф Терҳекро шикаст дод.

Дар даври нимфинал Темур Раҳимов бо намояндаи Ҷопон Сайто Татсуро қувваозмоӣ мекунад.

АКС: Федератсияи байналмилалии дзюдо

Октябрь 12, 2022 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард