Абдураҳмон Муҳаммад, ноиби президенти АМИТ: Муқовимат бо терроризм бояд хусусияти дастҷамъона дошта бошад
ДУШАНБЕ, 17.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. 18-19 октябр дар Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» доир мегардад. Ин конфронс сеюмин чорабинии сатҳи баланд буда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ дар яке аз мавзӯъҳои доғи рӯз- мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар пойтахти кишвари мо баргузор мегардад. Чунин навиштааст зимни як гузориш ба АМИТ «Ховар» ноиби Президенти АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон МУҲАММАД.
Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизму терроризм борҳо дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳон аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардидааст, ки мо бояд алайҳи ин падидаи номатлуб муборизаи муштарак дошта бошем. Дар ин робита Президенти мамлакат борҳо таъкид намудаанд, ки “террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шаванд».
Дарвоқеъ, гуфтаҳои боло тақвият медиҳанд, ки худи маънои «терроризм» «тарс», «ваҳм» буда, он дар Шарқ ба маънои «даҳшатафканӣ» истифода мешавад, вале дар ин бора то ҳанӯз қоидаи умумие вуҷуд надорад. Ин аст, ки террор шакли махсуси зӯроварии сиёсие дониста мешавад, ки бераҳмӣ, ҳадафмандона истифода бурдани он ва гӯё самаранок будани он хоси ин зуҳурот мебошанд. Мафҳуми «экстремизм» маънои «канорӣ» дорад ва дар сиёсат экстремист нафареро меноманд, ки аз андеша ва амалҳои канорӣ ҷонибдорӣ мекунад.
Баъзе таҳқиқгарон онҳоро ҳамчун аксуламал нисбат ба абарқудратону кишварҳои мазҳабию динситезон муаррифӣ мекунанд. Аммо дар ҳама ҳолат терроризм ва экстремизм бояд маҳкум карда шаванд, зеро онҳо таҳдид ба ҳаёту зиндагии инсонҳо мебошанд. Мавриди зикр аст, ки нафаре, ки муборизаи сиёсии худро бо чунин равандҳои номатлуб ба анҷом мерасонад, ӯ ҷиноятпеша ва муқобили хушбахтии инсон ва ҷомеа мебошад.
Аз ин рӯ, дар кишвари мо тибқи Конститутсия қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”,“Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудаанд. Ҳамзамон барои муқовимат ва фаҳмондадиҳии моҳияти терроризм ва ифротгароӣ чорабиниҳои гуногуне гузаронида мешаванд. Масалан, баргузор намудани чунин чорабинии сатҳи баланди “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” дар асоси “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020“.
Ин ҳамоиш моҳи майи соли 2019 доир шуда буд ва дар он зиёда аз якуним ҳазор нафар меҳмонон, олимон ва пажӯҳишгарони кишварҳои ҷаҳон ширкат варзида, алайҳи терроризм ва ифротгароии хушунатангез баҳсу мунозира доир намуда буданд.
Ҳамин тавр, соли 2020 низ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба тасвиб расид, ки мақсад, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб муайян менамояд.
Ҳамаи ин ба он далолат мекунад, ки муқовимат бо терроризм бояд хусусияти дастҷамъона дошта, аз ҷониби миллат, шаҳрвандони кишвар, оила ва мактаб маҳкум ва муҳтавои онҳо ба тарбиятгирандагон расонида шавад. Яъне дар ҷараёни таълиму тарбия дар замири фарзандонамон мо бояд ғояҳои ватанхоҳию ватанпарварӣ, шуҷоату ҷасорати миллиро тарбият намоем, ки минбаъд ба ҳар гуна хавфу хатарҳое ки ба мо таъсир мегузоранд, муқовимат карда тавонем.
Имрӯз барои бартараф ва ё пешгирӣ намудани терроризм, пеш аз ҳама, ба тарбияи хонаводагӣ ва мактабу маориф диққати махсус бояд дод. Махсусан ба тарбияи мактабҳои динӣ, ғайридавлатии динӣ, мактабҳои динии шахсӣ, мактабҳои махсуси варзишие, ки дар зери хонаҳои баландошёна ва атрофи шаҳрамон амал менамоянд, бояд таваҷҷуҳ дошта бошем.
Дар ин росто нақши илму маориф дар пешгирии ҳодисаҳои даҳшатафканӣ, зӯроварӣ ва амалҳои ғайриқонунӣ хеле барҷаста мебошад. Хусусан, татбиқи илмҳои ҷомеашиносӣ, рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва таъмини зиндагии шоиста бузургтарин роҳи муқовимат ба терроризму ифротгароӣ мебошад. Ба андешаи мо, илму маориф ва идеологияи миллӣ сарчашмаи муҳими муқовимат ба терроризм ба шумор меравад. Дар ин ҷо мақоми идеологияи миллӣ ба сифати неруи муқовимат пурра арзёбӣ мегардад. Зеро ки он ҳамчун роҳнамои миллат ба ҳар гуна таҳдиду даҳшатафканӣ муқовимат карда метавонад.
Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд, ки барои дастгирӣ ва муҳайё намудани шароит ҷиҳати омӯзиши илмҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ дар раванди таълиму тарбия тадбирҳои таъҷилӣ андешад. Зеро ин амал сатҳи муқовиматро бар зидди терроризм ва дигар таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ пурзӯр менамояд.
Пўшида нест, ки экстремизми сиёсӣ ва терроризм зуҳуроте мебошанд, ки асосҳои гуманистии ҷомеаро барҳам мезананд. Бо мақсади коркарди механизмҳои мубориза бо ин зуҳурот, ҷиҳати дақиқ муайян намудани ҳолати таълиму тарбия муқовиматро нисбат ба терроризм зери назорат гирифта, тавассути барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион ва радио дар ин самт тадбирҳои мушаххас бояд андешида шаванд.
Хулоса, экстремизм ва терроризм ифодаи рӯҳияи инсонбадбинӣ ва тафриқагузорӣ мебошанд. Инсоният аллакай таҷрибаи муқовимат бо чунин идеологияро пайдо намуда истода, хусусияти дастҷамъона доштани онро тақвият мебахшад. Вале мутаассифона, баъзе неруҳои манфиатдор ба қувват гирифтани идеологияҳои дорои хусусияти зӯроварӣ, аз ҷумла террористӣ мусоидат намуда, онҳоро ҳимоя мекунанд ва бо ин амали хеш хатарҳои ҷиддии эҳтимолиро сари инсоният ба бор меоранд. Аз ин рӯ, шинохти идеологияи экстремистию террористӣ ва муқовимат ба он барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, амнияти кишвар ва таҳкими давлатдорӣ муҳиммияти хосса дорад.
Абдураҳмон МУҲАММАД,
ноиби Президенти АМИТ,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






