Ҳайати расмии Парлумони Тоҷикистон дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд

Октябрь 28, 2022 08:35

ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр ҳайати расмии парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ) иштирок кард, хабар дод ба  АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Самарқанд.

Раёсати баргузории Шӯроро Раиси Ассамблеяи мазкур, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи  Россия Валентина Матвиенко бар уҳда дошт. Дар ҷаласа аъзои Шӯро 21 масъаларо баррасӣ  ва қабул намуданд.

Маҳмадтоир Зокирзода  иброз намуд, ки 27 октябр аз таъсиси АБ ИДМ 30 сол сипарӣ мешавад. Он ба яке аз сохторҳои зарурии Иттиҳод табдил ёфта, барои ҳалли муҳимтарин вазифаҳои сиёсию иқтисодӣ шароити муносиб фароҳам меорад.

«Дар ин давра дар симои Ассамблеяи байнипарлумонӣ институти муҳим ва бонуфузи ҳамкории байнипарлумонӣ ва қонунэҷодкунӣ  ташаккул ёфтааст, ки саъю кӯшиши асосии он барои ба ҳам наздик намудани қонунгузории миллии давлатҳои иштирокчӣ ва ташаккули махзани ягонаи ҳуқуқӣ нигаронида шудааст»,-тазаккур дод Маҳмадтоир Зокирзода.

Имрӯз дар назди мо вазифаҳои ҷиддӣ – муҳокима ва қабули санадҳои муҳиме истодаанд, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ, таъмини фаъолияти самарабахши Ассамблеяи мо ва афзоиши ҳамкорӣ дар доираи АБ ИДМ нигаронида шудаанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар доираи ИДМ муносибатҳои дӯстонаи худро ба хотири таҳкими сулҳу оромӣ, амнияту субот дар самти масъулияти ин созмон идома хоҳад дод.

Мавриди зикр аст, ки дар кори ҷаласаи Шӯрои мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи АБ ИДМ Бахтовар Сафарзода иштирок намуданд.

Акс: МН МО ҶТ

Октябрь 28, 2022 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид