Александр Лукашенко: «Мулоқоти дарпешистода бо Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкории стратегии ду давлат такони иловагӣ хоҳад дод»
ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар барқияи шодбошии худ ба муносибати зодрӯзи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муносибати созанда ва манфиатдор нисбат ба рушди ҳамкории Беларус ва Тоҷикистон самимона изҳори миннатдорӣ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Беларус маҳорати баланди кордонӣ, салоҳиятнокӣ, қувваю хиради барҷастаю фавқулодаро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намунаи дурахшони пешвои сиёсӣ мегардонанд ва ӯ масъалаҳои мураккаби давлатиро бомуваффакият ҳал менамояд, зикр намуд.
«Рушди дилпурона ва босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати пайваста ва мутавозини пешгирифтаи Шумо, ки имкон медиҳад афзоиши бемайлони нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва некӯаҳволии мардуми он таъмин шуда, сулҳу субот дар ҷомеа пойдор гардад, зич алоқаманд аст»,-таъкид шудааст дар барқия.
Александр Лукашенко изҳори итминон кард, ки мулоқоти дар пешстода бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбеи офтобӣ ва меҳмоннавоз ба ҳамкории гуногунҷанбаи стратегии ду мамлакат ба манфиати мардуми бародар такони иловагӣ хоҳад бахшид.
«Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, саломатии бардавом, хонаободӣ ва расидан ба ҳадафҳоятонро орзумандам»,-афзуд Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶБ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






