Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҷараёни табобати осебдидагони муноқишаҳои марзӣ шинос гардид

Октябрь 10, 2022 09:50

ДУШАНБЕ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода 7 октябр бо ҷараёни табобати осебдидагони муноқишаҳои марзӣ шинос гардид. Зимни сафари корӣ вазир бо фаъолияти якчанд муассисаи тандурустии вилоят, аз ҷумла беморхонаи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, беморхонаҳои марказии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, инчунин Беморхонаи клиникии №1-и шаҳри Хуҷанд ​ шинос шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суҳбат бо ҷароҳатбардоштагон иброз дошт, ки ҷараёни табобати онҳо зери назорати махсуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта,​ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат тамоми кӯшишу талоши худро ба ҳарчи зудтар барқарор намудани вазъи саломатии осебдидагон равона намудааст.

Зикр шуд, ки айни ҳол дар беморхонаҳои мазкур барои табобати беморон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  бо наздикону пайвандони осебдидагони муноқишаҳои марзӣ низ суҳбат намуд. Ба оилаҳои табибоне, ки бар асари муноқишаҳои марзӣ ҷони худро аз даст доданд, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳои ғизоӣ ва сӯзишворӣ расонида шуданд.


Ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони муассисаҳои тандурустии болозикр ва Раёсати тандурустии вилояти Суғд дастуру супоришҳои мушаххас дода, зикр намуд, ки хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, омодагӣ ба давраи зимистон, аз ҷумла захираи маводи ​ сӯзишворӣ, доруворӣ ва ғизоӣ аз ҷумлаи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Октябрь 10, 2022 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон