БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ. Дар Боғи фарҳангию фароғатии назди Қасри Арбоб 10 ҳазор бех гулҳои мавсимии ороишӣ шинонида шуданд

Октябрь 27, 2022 08:16

ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Қасри таърихии Арбоб, ки макони баргузории ин иҷлосияи тақдирсоз аст, Боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд гардида истодааст. Дар ҳудуди боғ аз ҷониби ҳашарчиён дарахтони магнолия, буттаҳои ороишию ҳамешасабз ва 10 ҳазор бех гулҳои мавсимии ороишӣ шинонида шуданд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

26 октябр  бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар боғи бунёдшаванда ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуданд. Раиси вилоят ҷараёни корҳои сохтмониро дар ин мавзеъ мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Қаблан низ дар ҳудуди боғи мазкур дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонида шуда буданд ва ҳоло теъдоди ниҳолҳо ба 1000 бех расид.


Мавриди зикр аст, ки тантанаҳои идона ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб доир шуда, ба ин муносибат корҳои ободонию созандагӣ ва таъмиру тармими иншооти фарҳангию таърихӣ идома доранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 27, 2022 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд

Маводҳои таҳлилӣ