БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор лавҳаи рамзии «Водии зарнисор» ифтитоҳ шуд

Октябрь 6, 2022 13:55

ДУШАНБЕ, 06.10.2022/ АМИТ»Ховар»/. Ба ифтихори  35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гардиши роҳи   Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор ҳамоиши тантанавӣ ва маросими пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи рамзӣ бо номи  «Водии зарнисор» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Лавҳаи мазкур бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дастгирии соҳибкорону шахсони ҳимматбаланд дар масоҳати умумии 260 метри мураббаъ бо сутуни баландиаш 17 метр ва паҳноии пояаш 13 метр бунёд шудааст.

Рӯи пояи он, ки аз сангҳои қиматбаҳои ватанӣ бино ёфтааст, бо хатҳои заррин суханони мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ҳисор таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, ҷузъи муҳимтарини таърихи пурғановати халқамон ва далели раднопазири яке аз миллатҳои қадимтарини ҷаҳон будани он мебошад” ва поёнтар аз он ибораи “Водии зарнисор” ҳаккокӣ шудаанд. Дар маркази лавҳа сутуни уфуқӣ қад афрохта, бо назардошти таърихи бостонӣ доштани шаҳри Ҳисор дар қисмати болои он намунае аз рамзи 3000-солагии Ҳисор, ки дар арафаи таҷлили ин ҷашн бо дастури Президенти мамлакат тасдиқ гардида, муаллифонаш олимони шодравон Давлатхӯҷа Довудӣ ва Музаффар Азизов мебошанд, насб шудааст. Он аз грифони афсонавии парандаи болдор, ки дар гузаштаи дур дар Эрон ва Осиёи Марказӣ парастиш меёфт ва грифони дарандаи болдор-шер, ки дар  Байнаннаҳрайну Ҳиндустон маъруф буда, рӯ ба ду ҷониб тасвир шудаанд, иборат мебошад. Дар қисмати пеши он барги ток ва хӯшаи ангур ҳамчун рамзи фаровонии водӣ ва хушнудию абадият тасвир ёфтааст.

Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар гуфт, ки лавҳаи рамзии “Водии зарнисор”  давоми мантиқии таҷлили шаҳри куҳанбунёди дорои таърихи беш аз 3000-сола буда, дар партави корҳои созандаю ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ бунёд гардидааст. Инчунин он марбут ба яке аз бандҳои нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,. “Водии зарнисор” номгузорӣ шудани лавҳа низ ба водии файзбору зарнисор ва таъмингари неъмати кишоварзӣ эътироф гардидани он дар минтақа аз замонҳои қадим марбут аст.


Ҳудуди имрӯзаи водии Ҳисор макони буду боши ориёиҳо буда, дар сарчашмаҳои қадим, бахусус маъхазҳои ҳиндуаврупоӣ бо номи Кумит дарҷ шудааст. Он қисмати ҷанубии водии Қаротегину Норак, ҳавзаҳои дарёҳои Кофарниҳон ва Қаротоғ то Бойсуну Деҳнав- қад-қади қаторкӯҳҳои Ҳисорро дар бар мегирифтааст. Шаҳри Ҳисор аз қадим маркази сиёсию иқтисодии водии Ҳисор ва ба ибораи дигар, дили водӣ ба ҳисоб мерафт. Дар Ҳисор ҳунармандӣ, аз қабили кулолгарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, кандакорӣ дар санг ва чӯб, ки дар Осиёи Миёна ва берун аз он маъруф буд, ниҳоят тараққӣ карда, дар хотироти сайёҳони аз ин диёр боздиднамуда  қайд шудааст.

Ҳисор бо таърихи бойи худ хусусияти хоси давлатҳои Осиёи Марказиро инъикос карда, дар тиҷорати байналмилалӣ нақши муҳим мебозид. Имрӯз меҳмонону сайёҳоне, ки аз ду ҷониб вориди водӣ мегарданд, бо шарофати ин лавҳаи дорои рамзи таърихӣ зимни шиносоӣ бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, Осорхонаи марказӣ ва дигар ёдгориҳои таърихии шаҳр ба таъриху фарҳанг, шаҳрдорию шаҳрнишинии мо, ки аз давраҳои бостон маншаъ мегирад, баҳо хоҳанд дод.

Дар ҳамоиш ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқ муовини Сарвазири мамлакат Ҷамолиддин Мансуров, доктори илми фалсафа Кароматулло Олимов, нависандагони халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзо ва Ато Ҳамдам, адиб Султонмуроди Одина сухан карданд. Нотиқон бунёди ин лавҳаи «Водии зарнисор»-ро  бо рамзи 3000-солагии Ҳисор дар ин мавзеи зебои водӣ, ки дар гузашта маркази тамоми Бухорои Шарқӣ ва тӯли қариб 3000 сол маркази водии зархез ва яке аз марказҳои муҳими сиёсиву фарҳангии Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, садсолаҳо қабл Шоҳроҳи Бузурги Абрешим низ аз он мегузаштааст, амри воқеӣ номиданд. Лавҳаи мазкур барои сокинони водӣ, бахусус шаҳри Ҳисор рӯйдоди муҳими таърихию фарҳангӣ арзёбӣ гардид.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

   АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Октябрь 6, 2022 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид