Ба Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон 12 номзад барои мақоми президентӣ ҳуҷҷат супурданд

Октябрь 13, 2022 13:08

ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон 12 номзад барои мақоми президентӣ ҳуҷҷат супурданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ин маълумотро агентии «Казинформ» нашр намудааст.

Пешбарии номзадҳо ба мақоми сарвари давлат дар Қазоқистон аз 23 сентябр то 11 октябр сурат гирифт. Дар ин муддат ба Комиссияи марказии интихоботӣ 12 нафар ҳуҷҷат пешниҳод карданд, ки онҳоро ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ пешбарӣ кардаанд. Аз ҷумла, президенти амалкунандаи кишвар Қосим-Жомарт Токаев ният дорад дар интихобот ширкат кунад.

Интихоботи президентии Қазоқистон 20 ноябр таъйин шудааст. Гуфта мешавад, ки номзад бояд на камтар аз 40 сол дошта, шаҳрвандии кишварро аз рӯзи таваллуд дошта, 15 соли охир дар ҷумҳурӣ зиндагӣ карда бошад. Доштани маълумоти олӣ ҳатмист. Ҳар довталаби курсии раҳбари давлат бояд 118 000 имзо ҷамъ оварад.

АКС: АБИ «Казинформ»

Октябрь 13, 2022 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид