БОКС. Тоҷикистонро дар чемпионати Осиё дар Урдун ҳашт варзишгар намояндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 12 ноябр дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон баргузор мешавад. Барои иштирок дар чемпионат варзишгарони 30 давлати қора дархост додаанд. Аз ҷумла, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс иборат аз 10 нафар ба шаҳри Аммони Урдун сафарбар мегардад. Дар ин бора котиби генералии Федератсияи бокси Тоҷикистон Комрон Файзов ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё оид ба бокс 8 варзишгар – 5 мард, 3 зан – ва 2 мураббӣ намояндагӣ мекунанд. Миёни бонувон Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни то 50кг, Миҷгона Самадова дар вазни то 57кг ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60кг ҳастанд.
Миёни мардҳо Хусравхон Раҳимов дар вазни то 57кг, Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5кг, Шаббос Негматуллоев дар вазни то 80кг, Наврӯз Ҷафоев дар вазни то 86кг ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92кг Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд муаррифӣ мекунанд.
Мураббиён Мирзо Шамсиев ва Хуршед Ҷӯраев варзишгаронро дар мусобиқаи Урдун ҳамроҳӣ мекунанд.
Муҳорибаҳо дар даврҳои муқаддамотӣ ва чорякфинал 1-7 ноябр, нимфинал 9-10 ва финал 11-12 ноябр ба нақша гирифта шудаанд.
Варзишгарони тоҷик дар чемпионатҳои Осиё оид ба бокс дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат 20 медал – 4 тилло, 3 нуқра, 13 биринҷӣ ба даст овардаанд.
Медалҳои тиллоро Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 75кг (соли 2008), Мавзуна Чориева дар вазни то 60кг (соли 2010), Анвар Юнусов дар вазни то 57кг (соли 2011) ва Баҳодур Усмонов дар вазни то 64кг (соли 2019) сазовор гардидаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






