БОЗИҲОИ 2-ЮМИ ЗИМИСТОНАИ «БАЧАҲОИ ОСИЁ». Дилшод Назаров ва Владимир Максимов иштироки ҳайати Тоҷикистонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар ҳошияи ҷаласаи 41-уми Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё дар шаҳри Пном Пени Камбоҷа ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров бо президенти Кумитаи байналмилалии бозиҳои «Бачаҳои Осиё» Владимир Максимов мулоқот кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо муносибатҳои ҳамкорӣ, рушди варзиш миёни ҷавонон ва масъалаҳои Бозиҳои 2-юми зимистонаи “Бачаҳои Осиё”-ро баррасӣ карданд.
Бозиҳои 2-юми зимистонаи “Бачаҳои Осиё” аз 23 феврал то 5 марти соли 2023 дар шаҳри Кузбасси вилояти Кемеровои Федератсияи Россия баргузор мешаванд.
Владимир Максимов изҳор намуд, ки хароҷоти сафари ҳайати Тоҷикистонро дар бозиҳо Кумитаи байналмилалии бозиҳои “Бачаҳои Осиё” таъмин хоҳад кард.
Акс: КМО Тоҷикистон








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад






