Дар Душанбе Фестивали филмҳои кореягӣ баргузор мегардад

Октябрь 28, 2022 10:35

ДУШАНБЕ, 28.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 октябр то 4 ноябри соли  равон  дар Душанбе «Фестивали филмҳои кореягӣ дар Тоҷикистон-2022» баргузор мегардад, ки он ба 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея бахшида мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маросими ифтитоҳи ҷашнвора соати 18:00-и  29 октябр баргузор шуда, дар он роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг, масъулини синамо ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ ширкат хоҳанд кард.

Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок иброз дошт, ки Фестивали мазкур барои табодули таҷрибаи ҳарду кишвар дар соҳаи санъати синамо ва минбаъд густариш ёфтани он мусоидат менамояд.

Намоиши филмҳои кореягӣ аз  29 октябр то 4 ноябр — 16 маротиба дар кинотеатри  «Кохи Наврўз»-и шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.  Дар ин Фестивал филмҳои коргардонон Ҳан Ҷерим- “Симо”(Квансанг с. 2013),  Че Донгҳун “Қатл” (Амсал, с. 2015) ва Ли Гебёк “Хушбахт” (Локи с. 2016)  ва ғайраҳо намоиш дода мешаванд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 28, 2022 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид